Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ин садо барои гавазн чунон изтиробовар мебошад, ки фавран дар рафтори ӯ тағйирот ба амал меоварад. Ӯ бо суръат часта мехезад ва ба дашти васеъ метозад; вале дере нагузашта меистад ва ба ақиб нигариста дар ҳайрат мемонад, ки хоби ӯро кӣ нороҳат кард?

Гавазн дар равшании тобони шаби ҷануб душмани ашаддии худ — одамро мешиносад. Одам савори асп наздик мешавад.

Гавазн, ки беихтиёр ба тарсу ҳарос афтодааст, аз нав гурехтанӣ мешавад; аммо ким-чӣ дар қиёфаи савора — як чизи ғайриоддӣ — ӯро дар ҷояш побанд мекунад.

Ӯ ларз-ларзон, қариб ба пойҳои ақибаш менишинад, сарашро ба қафо мегардонад ва чашм наканда менигарад — дар чашмони калон-калони мешии ӯ даҳшат ва ҳайрат акс меёбад.

Чӣ гавазнро маҷбур сохт, ки ба қиёфаи аҷиб ин қадар дуру дароз бо диққат нигоҳ кунад?

Асп? Вале он аспи муқаррариест, ки зину лаҷом карда шудааст,— чизе ки боиси ҳайрат ё худ даҳшат гардад, дар зоҳири ӯ нест. Шояд, гавазнро савора тарсонида бошад? Оре, ӯ ҳаросонида, маҷбур месозад, ки ҳайрон бимонад, зеро дар қиёфаи ӯ ким-чӣ чизи аҷибулҳилка ва ваҳшатнок мебошад.

Ё қувваҳои осмонӣ! Савора сар надорад!

Ин ҳатто барои ҳайвони беақл маълум мебошад. Гавазн бо чашмони пуризтироб боз дақиқае истода нигоҳ мекунад ва гӯё фаҳмиданӣ мешавад, ки ин маҳлуқи тимсолаш дида нашуда чист? Аммо гавазни ба даҳшат афтида, аз нав рӯ ба гурез мениҳад. То он даме, ки шино карда аз Леона намегузарад ва ҷараёни пуртуғён ӯро аз савораи ваҳшатнок ҷудо намесозад, намеистад.

Савораи бесар ба гавазни аз ҳарос гурезон аҳамият надода, гӯё ҳатто ҳузур доштани ӯро пайхас накарда, роҳашро давом медиҳад.

Ӯ низ ба сӯи дарёҷе раҳсипор мегардад, вале, зоҳиран, ба ҳеҷ куҷо шитоб намекунад, балки оҳиста-оҳиста, оромона, қариб ботантана қадам мезанад.

Савора гӯё ба фикр фурӯ рафта, лаҷомро сар додааст ва аспаш гоҳ-гоҳ алаф канда мехӯрад. Савора ӯро на чу мегӯяд, на камчин мезанад, вале асп аз аккосзании койотҳо ҳаросида, якбора сарашро мебардорад ва фирик-фириккунон дар ҷояш меистад.

Гӯё, ки ӯ дар ҳукми ким-чи гуна эҳсосоти амиқ мебошад

пешина
аз 509
навбатӣ