Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва ҳодисаҳои майда-ҷуйда ӯро аз қайди фикру хаёл бароварда наметавонанд. Вай бо ягон хел садо асрори худро ошкор намесозад. Гавазни рамида, асп, гург ва моҳи нисфишабӣ — ягона шоҳидони андешаҳои хомӯшонаи ӯ мебошанд.

Ба китфи савора сарапеч партофта шудааст, ки ҳангоми вазидани бод як гӯшаи он бардошта мешавад ва як қисми андоми ӯ намудор мегардад; савора аз пӯсти паланг соқпӯш дорад. Ӯ, ки аз рутубати шабонгоҳӣ ва боронҳои сели тропикӣ ҳимоя карда шудааст, мисли ситораҳои милтиросзанандаи осмон хомӯш, мисли чирчиракҳое, ки дар байни алафҳо чир-чир мекунанд ва мисли шаббодаи шабонгоҳӣ, ки бо чинҳои линоси ӯ бозӣ мекунад, бепарво мебошад.

Зоҳиран, оқибат ким-чӣ савораро аз хаёлёт берун овард, — аспи ӯ суръати қадаммониашро тезтар кард. Инак асп сар афшонд ва хурсандона шиҳа кашид — гарданашро ёзонд, сӯрохҳои биниашро дамонда, лӯк-лӯкунон пеш тохт ва ба зудӣ ба чорхез даромад; он чи ки аспро ба тезтар тохтан водор намуд, наздикии дарё буд.

То даме ки ба миёнҷои дарё расида, оби шаффоф то зонуи савора намебарояд, ӯ намеистад. Асп ҳарисона об менӯшад; ӯ ташнагиашро шикаста, аз дарё мегузарад ва лӯк-лӯкунон аз соҳили сарнишеб тунд боло мебарояд.

Савораи бесар боло баромада меистад ва гӯё то оби баданашро афшонидани асп мунтазир мешавад. Мисли ин ки дар абри сафеди бухор раъду барк гулдуррос зада бошад, чаранг-чурунги афзол ва ӯзангу шунида мешавад.

Аз ин ҳола ба савораи бесар падидор мегардад; ӯ аз нав роҳи худро давом медиҳад.

Зоҳиран, савора дам ба дам аспро маҳмез зада, ӯро равона намекунад, ки асп дигар аз роҳ намебарояд, балки гӯё аз пайраҳаи шинос дилпурона пеш метозад.

Дар пеш, то худи уфуқ, фазоҳои бедарахти саванна паҳн шудаанд. Дар осмони нилгун тарҳи андоми асрорангез намудор мегардад, ки ба ҳайкали зарардидаи кентавр² монанд аст; вай то дами дар равшании ҳиран пурасрори моҳ тамоман ғоиб гардидан ба тадриҷ дур мешавад.

1 Серапе — боронин васеи мексикой.
2 Кентавр — ҷонвари афсонавӣ, ки нисфаш одам, нисфаш асп мебошад.

пешина
аз 509
навбатӣ