Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Рӯзгор – омӯзгор
Мешавад ёрат хирад з-омӯзгор.
Пас ту ӯро бахту тахти худ шумор.
Маърифат дорӣ агар баргирӣ ба даст қалам,
Мӯғчаи маънӣ шукуфад, дур гардад дарду ғам.
Марди соҳибмаърифат бекина аст,
Дасти ӯ доим ба рӯйи сина аст.
Соз дар ҳар рӯзи умрат эҳтиёт,
Эҳтиёт аз сад бало бидҳад наҷот.
Марди фарҳангӣ нагардад ҳеҷ хор,
Дар ҳама ҷо бо хирад ӯ ҳаст ёр.
Маърифат боло бихоҳӣ, бош ошиқ бар сухан,
Шахси соҳибмаърифат зебад ба сари анҷуман.
Рӯйи соҳибмаърифат бошад пур аз нуру зиё,
Дар замираш ганҷ дорад, ганҷ мехоҳӣ, биё.
Ҳар ҷо меравӣ, нафсат нигаҳ дор,
Чунин кардӣ, биёбӣ равнақи кор.
Дӯстӣ дар байни мардум қуввати дил мешавад,
Одамӣ бе дӯстӣ кай шахси комил мешавад?
Сухан сарбози ақлу тамиз аст,
Зи ҷаннат мева бошад, он лазиз аст.
Гар суханро хоҳӣ ба худ раҳнамо,
Ҳарфи бад гуфтан ба худ мамнӯъ намо.
Чун ба лафзи модарӣ устоди моҳир мешавӣ,
Назди аҳли маънӣ ту кони ҷавоҳир мешавӣ.
Бахту тахте гар ту дорӣ орзу,
Аз худу афъоли худ онро биҷӯ.
Сухан гардад ҳамон вақт ҷовидона,
Ки дар он маънӣ ояд орифона.
Ҳалим Назар
«Ҳазову як панд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё