Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сарсухан

Баъди ғалабаи Инкӯлоби Октябр дар Россия (соли 1917) ҳаракатҳои инқилобӣ дар аморати Бухоро ва минтақаҳои дигари Осиёи Миёна авҷ гирифт ва моҳи сентябри соли 1920 ҳаракатҳои инқилобӣ ба авҷи олии худ расид ва охирин намояндаи сулолаи манғития — амир Олимхон моҳи марти соли 1921 ҳудуди давлати худро тарк намуда ба хоки давлати Афғонистон гузашт. Болшевикон ба сохтмони давлати тамоман нав — низоми нави давлатдорӣ оғоз намуданд. Аз парокандагиҳо дар Осиёи Миёна истифода намуда бо мақсади ташкили роҳбарии нисбатан каммоҷаро ҳукумати болшевикии Русия сиёсати тақсимоти ҳудудҳои миллиро пеш гирифт. Дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигариҳои Қӯқанду Хива сараввал Республикаи халқии Бухоро ва Республикаи халқии Хива ва сонитар ҷумҳуриҳои миллии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил карда шуданд.

Соли 1924 бо кӯшишҳои зиёди намояндагони миллати тоҷик дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва моҳи октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Чӣ хеле ки дар китоби дарсии "Адабиёти тоҷик" (давраи нав) барои синфи ХІ (муаллифон Худойназар Асозода ва Аламхон Кӯчаров) дарҷ шудааст: "Сиёсати даҳриёнаи ҳукумати Шӯравӣ ва ғаразҳои мафкуравии фарҳангии ҳизби коммунист аз солҳои 20-уми асри ХХ сар карда, ба ҳаёти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир расонд. Аввал бо ҳуруфи лотинӣ (1928) ва баъд бо ҳуруфи русӣ (кириллӣ) (1940) иваз гардидани алифбои арабиасоси тоҷикӣ ва баста шудани сарҳадҳои мамлакатҳои хориҷии Шарқ халқи тоҷикро ба мушкилоти фарҳангӣ рӯ ба рӯ кард. Яке аз самтҳои сиёсати мафкуравии ҳизби коммунист, ки аз соли 1921 то соли 1937 бошиддат давом кард, аз байн бурдани неруҳои ақлонӣ ва хотираи таърихии сокинони

пешина
аз 343
навбатӣ