Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷумҳуриҳои миллӣ буд. Дар ин айём дар Тоҷикистон китобҳои бисёре, ки аз таърих илм ва маънавиёти миллати тоҷик баҳс мекарданд, сӯзонда нобуд шуданд ва муллоёну олимон, адибону равшанфикрон ва таҳсиллидагони мадрасаҳо чун “душманиони халқ” ҷазо гирифтанд.”

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаёти миллати тоҷик, аз ҷумла ҳаёти фарҳангӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Худи ташкил шудани низоми давлатдории мустақил бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳодисаи дорои аҳамияти калони сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.

Солҳои 1925-1927 дар Тоҷикистон аввалин роҳи автомобилгард (Тирмиз – Душанбе ва Душанбе - Қурғонтеппа) сохта шуд ва солҳои 30 роҳҳои автомобилгард тамоми ноҳияҳои ҷумҳуриро ба маркази мамлакат пайваст намуд. Соли 1940 Роҳи калони Помир сохта шуд, ки дарозиаш 556 км буд. Аз солҳои 30-юм сар карда, роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ низ дар баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми тоҷик мусоидат намуданд. Ҳамчунин, дар солҳои сиюми асри ХХ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон истеҳсоли қувваи барқ ва азхудкунии заминҳои бекорхобида шурӯъ гардид. Неругоҳҳои барқии Варзоб, Сарбанд, Душанбе, Қайроққум, Норак, Бойғозӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодии сокинони Тоҷикистон саҳм гирифтанд.

Нахустин рӯзномаҳои тоҷикии баъдиинқилобӣ дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфтанд. Рӯзномаи “Шӯълаи инқилоб” аз 10 апрели соли 1919 то 8 декабри соли 1921 ҳамагӣ 91 шумора чоп гардид. Нахустин шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” моҳи августи соли 1924 ба табъ расид ва аз соли 1930 ба рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” табдил ёфт.

Соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар давоми солҳои 1925-1930 ин нашриёти навтаъсис

пешина
аз 343
навбатӣ