Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

қариб 450 номгӯи китоб баровард. Сониятар дар заминаи нашриёти мазкур нашрияҳои «Ирфон», «Дониш», «Маориф» ва «Адиб» ба вуҷуд омаданд.

Соли 1926 дар шаҳри Самарқанд маҷаллаи ҳаҷвии «Ширинкор» ва моҳи октябри ҳамин сол маҷаллаи ҳаҷвии «Мушфиқӣ» ба табъ расиданд. Дар Душанбе ва баъдтар дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бори аввал муассисаҳои илмию фарҳангӣ кушода мешуданд. Дар пойтахти Тоҷикистон моҳи апрели соли 1927 нахустин рӯзнома бо номи «Бедории тоҷик» (шумораи якумаш «Иди тоҷик») ва нахустин маҷалла бо номи «Роҳбари дониш» (шумораи якумаш «Дониш - биниш») ба табъ расиданд. Таъсиси рӯзномаю маҷалла ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон пай дар пай меафзуд. Танҳо дар соли 1941 дар Душанбе се маҷалла – «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ»), «Бо роҳи ленинӣ» (барои занон) ва «Бо ёрии коркунони партиявӣ» ба табъ расиданд. То оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 54 рӯзномаву маҷалла ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасиданд ва дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ воситаҳои ахбори умум боз ҳам густариш ёфт. Аз ҷумла, рӯзнома ва маҷаллаҳои «Тоҷикистони сурх» (баъдҳо «Тоҷикистони советӣ»), «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», «Маориф ва маданият», «Мактаби советӣ», «Машъал» дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик саҳми муносиб доштанд.

Адабиёти даврони шӯравии тоҷик асосан дар зери
таъсири воқеаҳои ҳаррӯзаи сиёсӣ ва фарҳангии давр зери
таъсири адабиёти рус ва халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ
ташаккул ёфт ва шакли анъанавии худро тағйир дод. Агар
насри Фитрат чун намунаи насри марҳалаи ҷадидия
асосан ифодагари мавқеъ ва назари иҷтимоии муаллифи
он бошад, дар насри Айнӣ, аз ҳиссаи «Одина» сар карда,
тақдири шахс мавқеъ пайдо мекунад ва зиддияти асар ба
воситаи амалиёту муносибати образҳо ҳал мегардад. Агар
насри Фитрат дар мақоми реализми ибтидой қарор дошта

пешина
аз 343
навбатӣ