Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
бошад, насри Айнӣ ва нависандагон чун Ҳаким Карим, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ дар тасвири реалистӣ инкишоф ёфт.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мавзӯъҳои асосии адабиёти Шӯравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик ҳимояи Ватан ва мубориза ба муқобили фашизми Германия буд. Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Ашурмат Назаров, Лутфулло Бузургзода барин адибони тоҷик дар майдони ҷанг бевосита ширкат доштанд ва Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Ҳабиб Юсуфӣ ва Лутфулло Бузургзода дар ин ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат барин шоирони ҷавон шеърҳои аввалини худро ба хонандаи тоҷик пешкаш карданд.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик тағйироти назаррас ба амал омад. Қувваҳои нав ба нави адабӣ ба майдони адабиёт ворид гардида, ба инкишофи мундариҷавию шаклии адабиёт мусоидат карданд. Дар солҳои 40-50 баробари наслҳои пешин адибоне чун Ғаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Бобо Ҳоҷӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Мӯъмин Қаноат, Аъзам Сидқӣ, Файзулло Ансорӣ, Мавҷуда Ҳакимова ба эҷод шурӯъ карданд.
Дар солҳои 60-80 бошад, насли дигари адибон чун Ҷумъа Одина, Шодон Ҳаниф, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Меҳмон Бахтӣ, Қутбӣ Киром, Ибод Файзулло, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳром Фирӯз, Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Алӣ Бобоҷон, Ғоиб Сафарзода, Саидҷон Ҳакимзода, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Ҳакназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Саидалӣ Маъмур, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Доро Наҷот, Алимуҳаммад Муродӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ҳоҷӣ Мурод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Абдурафеъ Рабиев,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё