Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър

Оне, ки зи ғам намурду ғам хӯрд, манам,
Оне, ки зи дониш гарави бурд, манам.
Оне, ки дар ин замон каҷдору марез,
Навмед нагашту низ н-афсурд манам.

Олиҳои байни Худову мард
(ба ҷои пешнавис)

Аслан ҳар навишта ва хотирот ангезаи шодӣ ва ё ғами рӯзҳои гузашта ва тадбири сабакҷӯӣ барои рӯзгори ояндаву наслҳои баъд аст. Шояд камтарин инсон дар пешгоҳи Ҷалоли Худованд бошам, ки бо вуҷуд ҳар лаҳза мегӯям, ки ба китобу баёзҳо бояд инсонҳои баркамолу вораста ва шинохтаву маъруф пешнависӣ кунанд.

Чун муҳаррири ин ёддошт ин масъулияти сангинро ба дӯш мегирам ва қаблан аз маҳзари устодони сухан пузиш металабам. Вақте муаллифи китоб ҳанӯз дастнависи китобро пешкаши банда кард, пиндоштам, ки як зане, соҳибкоре чӣ метавонад нависад, ки мояи ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагон бошад? Аммо ман иштибоҳ карда будам, ки баъд аз варақзании саҳифоти аввал дарёфтам, ки номи китоб ба ботинаш басо тавъам ва муносиб будааст.

Сидқан бояд иқрор шавам, ки забон, тарзи баён, силсилаи байни бобҳо ва бадеияти китоб аз китобҳои баъзе нависандагон, ки имрӯз камоли садри маҳофили Тоҷикистон ҳастанд, кам нест. Ман инро на ба сифати як мунаққид, балки ҳамчун як хонандаи оддии он метавонам чунин баҳо диҳам. Зеро чун хонанда (!) ҳақ дорам, ки чунин хулосабарорӣ намоям.

Баъд аз он ки сар то по хондам, ба хулосае омадам, ки воқеан зан бо он ки ҷинси латифу зебо ва хеле нозук аст, сарнавишт на ҳамеша ба латофати зан тараҳҳум мекардааст. Ин дам ҳотифе ба гӯшам садо зад:

-Бидонад, ки зан танҳо василаи табъи хуши мардону оҳани безабони зери лагад нест. Бояд бидонад, ки зан воқеан қабзаи хокест, ки ӯро Худованд дар Қуръони азимушшаънаш "Нисо" номидааст. Бигзор он тӯдае, ки ба зан-модар бо чашми қабоҳату фарти ҳақорат менигаранд, бидонанд, ки зан ҳамон хоҳару модару завҷаи меҳрубони эшон аст. Бидонанд, ки зан ҳамонест, ки паёмбарони мурсалу набиро ба дунё овардааст. Бояд бидонанд, ки ҳазрати Одам (а) дар биҳишт худро бидуни зан дар хурсандӣ надид. Пас, афроде, ки ба зан ҳамчун ашёи вақтгузаронӣ ва як мавҷудоти ночизи зиндагӣ назар медӯзанд, бояд гӯшрас кард, ки зан оне нест, ки як гиребон аз ҷинси мард паст бошад.

аз 385
навбатӣ