Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Дар китобе хондам, ки омадааст:
"Зан Инсон нест, Зан Одам нест, зан ҷинси хокӣ ва махлуқи одамизода нест. Балки зан олиҳаест байни Худову Мард!"
Ҳақ ба ҷониби худованди ин сатрҳо, ки амри воқеиятро гуфтааст. Дар бисёр баёзу кутуб шоҳид шудаам, ки аксар бузургон тавассути ишқи зан ба ишқи илоҳӣ даст ёфтаанд. Аммо мутаассифона таърихи сафҳаҳои доғдору хунине низ дорад, ки аз зиндагии талху сангини занон нақл мекунад. Мояи афсӯс аст, ки дар аксар вақт занҳо аз ҷониби мардон ба дасисаву найрангҳо монда, на фақат занҳои муштипар дар хеш мурдаанд, балки ормону орзуҳои занон аз ҷониби мардон ваҳшиёна кушта шудааст.
Аммо матлабе, ки дар ин ёддошти пур аз андӯҳ ҷамъ омадааст, на ба хотири он ки муаллиф аз худ ва ҳаёти пурпечутобаш нақл рӯйи коғаз оварда бошад, балки варақи хунини зиндагиест, ки бигзор барои ояндагон дарси ибрат бошад. Бигзор донанд, ки зан-модар на фақат вазифаи муқаддаси зодану тарбия, балки соҳиби қудрату қуввати созандагиву ободкорӣ низ дорад. Бигзор нафароне, ки ба маҳорати худододи зан аз паси панҷа менигаранд, пахтаро аз гӯш кашанд, ки зан низ мавриди таваҷҷӯҳи Парвардигори якто қарор дорад ва лаҳзаҳои оҳи сард аз синаи пурдард кашиданаш, арш мутазалзил мешавад. Ин сатрҳо низ баёнгари он хоҳад буд, ки дар оянда ба афроди соҳибзавку соҳибдил таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, на ин ки ӯро зери фишору тазйиқ қарор диҳанд.
Ҳар чӣ ҳаст, дар шакли китобе ғун шудааст ва хулосаи он ба зеҳни хонанда ҳавола мешавад. Муаллиф бисёр кӯшидааст, ҳар далелу исботашро бо рӯзу моҳу сол ва ҳатто соаташ оварда бошад, ки арзиши маънавии китобро ба маротиб афзудааст. Гузашта аз ин, дар баъзе авқот барои исботи арқомаш ҳуҷҷатҳоро низ ба таври мӯъҷаз аз дастандаркорони мақомот овардааст, ки таваҷҷӯҳи хонандаи мӯшикофро ба таври бояду шояд ҷалб хоҳад кард. Ҳамзамон, дар ҳар исботу далел пироҳани зебои бадеият пӯшонидааст, ки дарак аз воқеан зани маънавӣ буданаш медиҳад. Аз лиҳози теъдод ин саввумин китоби муаллиф аст. Ин ҷост, ки дастурҳои «Хишти аввал» ва «Нури одамият» муаллифро то ба ҳадде дар роҳи такомули фикрӣ пазонидаанд, ки инак бо сабку шеваи хеле зебову хонданӣ кӯшидааст, китобашро ба хонанда пешкаш намояд. Ва бешак ба муродаш расидааст.
Аз ҳама муҳим, китоб аз ҳафт боби мармуз иборат буда, дар оғози ҳар боб ба таври хеле ҷолибу дилкаш хислати рӯзҳоро овардааст, ки сабки наверо дар ҷодаи наср бозгӯй менамояд. Бовар аст, ки овардани ҳаёти як зан намунаи барҷастаест, барои нишон додани симои дигар занони кишвар. Аз ин рӯ, вақте хонанда китобро сар то по варақ мезанад, дар пеши назараш на як қаҳрамони ин китоб, балки садҳову ҳазорҳо симои модарони ранҷбару заҳматкашидаву фиребхӯрдаро хоҳад дид. Маҳз ин нукта аст, ки ҷиҳати ҷолибии ин китоб гаштааст.
Умед аст, ки хонандаи закӣ аз даричаи нигоҳи хеш ба китоби "Сиришки хунин" баҳо медиҳад ва аз зовияи инсоф баҳои манфӣ ё мусбати хешро хоҳад гузошт. Зеро китоб холисона нигошта шудааст. Чунки дар охири китоб таҳти унвони "Ба ҷои охирсухан" бахшест, ки муаллиф бо баъзе қаҳрамонҳое, ки дар рафти таълифи китоб муштугиребон шудааст, самимона инсофхоҳӣ мекунад ва аз эшон ҳанӯз ҳам андӯҳзада нест. Ҳарчанд сар то по қаҳрамони аслии ин китоб худи муаллиф аст, оинаи ростнамои рӯзгор аст, ки чеҳраи асли зани тоҷик ва бори сангини соҳибкорзан ва муносибати баъзе аз кормандони мақомотро бепарда нишон додааст. Умедворем, бархе аз масъулине, ки ба зан-модар чунин муносибати густохонаву оҳанӣ доранд, бизгор баъди мутолиаи ин китоб ба худ оянду эшонро гиромӣ доранд. Чун китоб сар то по бо далелу арқом ва бадеият музаян ёфтааст, бовар дорем, дар посухи он шояд ба муаллиф зарбаҳои маънавӣ расонида шавад. Аз ин лиҳоз, аз мансабдорон ионат металабем, ки амнияти муаллифро таъмин созанд. Чунки қаҳрамонҳои аслӣ, мусбату манфии ин китоб ҳанӯз зиндаву солим ва сари курсиҳои қудрат қарор доранд.
Дар охир ба муаллифи "Сиришки хунин" Наҷотхон Исомаддинова дар ҷодаи қаламкашӣ барору пирӯзӣ ва устувориву бурдборӣ таманно дорем.
Набиюллоҳи Суннатӣ, рӯзноманигор,
3 марти соли 2010, Хуҷанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё