Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Рӯзи якшанбе: аввали рӯз нек бошад то
чошт, он гоҳ бад бошад то пешин, он
гоҳ нек бошад то шом, он гоҳ бад бошад
то хуфтан.

Хуфтагонро хабар аз олами бедорӣ нест,
То ғамат пеш наояд, ғами мардумнахӯрӣ.

Ёде аз каромати падар

Соли 1953 вақте ман таваллуд шудам падарам аз он рӯз сар карда, аз ҳабс озод шуда буданд. Ба ин муносибат маро Наҷот номиданд, ки гӯё ба Худованд муноҷот кардаанду он кас наҷот ёфтаанд.

Амаки модарам Атохон Махсум ба дидори падар меоянду падарро ба тавлиди як кӯдаки нав муборакбод мекунанд. Баъд номи маро пурсон шудаанд, ки падар маро Наҷотхон унвон карданд. Он кас эътироз карданд, ки Наҷот не, балки духтаратонро Муноҷот ном баред, зеро ба Худо муноҷот кардаду наҷот ёфтед.

Баъд номи дубораи маро Муноҷот гуфтанд. Падар он лаҳза хоҳиш карданд, ки ба ин муносибат азони дубора ба гӯши ман гӯянд.

Амаки модарам Атохон Махсум аз рӯйи нақли падар шахси бисёр заковатманду худотарс ва рӯҳонии бузургу номдоре будаанд. Эшон хислате доштаанд, ки гӯё дар болои ҳар ҳам қироати Қуръон карда хобашон мебурдааст. Зеро эшон ҳофизи Қуръон будаанд.

Падарам Ибни Ямин Исомаддинзода, ки яке аз афроди
худогоҳу маърифатпарвари солҳои ташкилёбии давлати
абарқудрати шӯравӣ буданд, мо фарзандони оила низ дар
рӯҳияи илму зиё ба дунё омадему ҳамин гуна дар чунин муҳити
созанда тарбият ёфтем. Қиблагоҳиамро аз овони кӯдакӣ ёд
дорам, ки ҳамеша чеҳраи хирадмандона доштанд ва ҳамзамон

пешина
аз 385
навбатӣ