Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
«…Эй дареғи кӯдакии лоуболу бевубол
Дар бисоти сабзаҳо беғам паропар доштем…
Баччагиро бурд боди хушнасиме ё чунон
Бодбонакҳо, ки бар боли кабӯтар доштем.
Дар шеъри «Ҷавонии падарон» ҷои ёди ширину лаҳзаҳои беқарори айёми кӯдакиро рӯҳияи мутантан, суръати баланд, ғурури бегазанди ҷавонони замони бунёдкориҳои пуршӯри солҳои 30-и қарни гузашта мегирад. Ҳар сухан, ҳар таъбир ва ҳар мисраъ дар ин шеър ҳадаф, бори маънӣ ва нишони мушаххас дорад ва чунон рехтаву муносиб ҷою мақоми худро гирифтааст, ки беҷо ё иваз кардани яке аз онҳо имконнопазир аст. Аз ҳар таъбиру ҳар сатри ин шеър оҳангу рӯҳияи ғолибияти замони созандагиҳо хеле возеҳу равшан эҳсос мешавад:
Раҳ сохт, раҳ омӯхт, хато кард, хато сӯхт,
Дил бурд, дил овард, дил омӯхт, дил афрӯхт,
Аз рафтаву аз омада бас таҷриба андӯхт,
Мушкил зи ҳама мушкила бигзашт ҷавонӣ,
Масъули ҳама масъала бигзашт ҷавонӣ…
Дар чашм уфуқҳо ба ҳама ҷозибаву ранг,
Дар дил тапиши гарми замон бо ҳама оҳанг,
Дар чеҳра нишони ҳама ганҷинаи фарҳанг,
Дар сар гули сад машғала бигзашт ҷавонӣ,
Дар по гули сад обила бигзашт ҷавонӣ…
Дар шеъру ғазалҳои Лоиқ тасвири зебову моҳиронаи манзараву лаҳзаҳо кам нест ва дар аксари чунин тасвирҳо диди реалистии воқеъбинона бо тахайюлоти романтикӣ омехта, манзараро хеле барҷаставу тасаввурпазир пеши назар меорад.
Барои намуна матни комили ғазалеро меорем, ки дар он манзараи фаро расидани шом бо умдатарин нишонаҳо ва шохистарин ҷузъиёташ ҷилвагар мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё