Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз ахтари чашмонам ҳар гӯша фурӯзон буд,
Ҳам нури замин будам, ҳам нури замон будам.
Бо гардани гардунсо, бо чеҳраи субҳосо
Аз нохуни по то сар маҳзи дилу ҷон будам…
Лоиқ аз аввалин шеърҳояш майл ба тасвир дошт ва баъдан ин услубу силк дар эҷодиёти вай мавқеи хос пайдо кард. Аз шеъри «Лаҳзаи падруд» (1962) ба баъд дар чаҳорпораҳо, ғазалиёт, шеърҳои озод, рубоиву дубайтиҳо ва мухаммасу мусалласҳои Лоиқ тасвиргароӣ тасаллути комил касб мекунад ва ба як равияи услубӣ табдил меёбад.
Дар ҳамон шеъри зебову машҳури «Баччагӣ», ки ёди ширини лаҳзаҳои нотакрори айёми кӯдакӣ дар он сар то по хеле зебову шево сурат гирифтааст, дар баробари тасвирҳои, ба истилоҳ, реалистии ғиноӣ ташбеҳҳову истиораҳои дилрабову мубаррое ҳастанд, ки ба шеър рӯҳи баланди романтикӣ ато менамоянд ва бандҳои зер аз он ҷумлаанд:
Дар сари санге ҳама рӯз интизор
Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
Баччагиям бо қатори турнаҳо якҷо гузашт.
Шаст меандохтам бар рӯди маст,
То биафтад моҳии тилло ба шаст,
Баччагиям бо умеди моҳии тилло гузашт…
Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт,
Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт,
Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт…
Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,
Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт…
Ва дар ғазале боз ба ёди ширини кӯдакӣ меафтаду бо таассуф аз гузари умр мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё