Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
М. Шакурӣ ба масъалаи зарурати дороиафзоии забони тоҷикӣ аз роҳи истифодаи мавридшиносона ва эҷодкоронаи шаклҳои пазирои сухан, қолабҳои аслии калимасозӣ, иборабандӣ ва ҷумлаороии бародарони эрониву афғонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар айни замон таъкид мекунад, ки «мо бояд … аз форсии Эрону Афғонистон айнан нусха набардорем, форсии тоҷикии худро бо форсии Эрону Афғонистон иваз накунем, балки маҳз форсии тоҷикии Мовароуннаҳри таърихиро ривоҷ дода, … нигаҳдошти асолати сухан ва матонати классикии онро биомӯзем…» Муаллиф дар ҳар маврид ба зодгоҳи забони форсии дарӣ будани Хуросону Мовароуннаҳр ишора, балки таъкид карда, исрор менамояд, ки форсии тоҷикӣ махсусиятҳои таърихии ин забонро бештар ҳифз намудааст, «зеро он гоҳ ки дарӣ дар Хуросон ва Осиёи Миёна ривоҷ дошт, ислом ва забони арабӣ ҳанӯз ба ин сарзамин нарасида буд».
Дар нашри якуми «Хуросон аст ин ҷо» ва дар мақолаҳои ҷудогонае, ки ба нашри дуюми ин китоб илова шудаанд, масъалаи эҳёи миллии тоҷикон, таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои ин падидаи иҷтимоии миллӣ дар маркази диққати муаллиф қарор гирифтааст. «Мағзи консепсиюни эҳёи миллии тоҷикон, – менависад М.Шакурӣ, – бояд барпо кардани ҷомеаи маънавибунёде бошад, ки (дар он – А.А.) баробар фаъолият кардани омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ шарти ҳатмист, вале маънавият бартарӣ дошта, иқтисоду сиёсат барои густаришу амиқрафти он замина ҳозир месозад».
Муаллиф бар он ақида аст, ки рушди иқтисодиёт он вақт пурсамар, бобарор ва пойдор хоҳад буд, ки бар маънавиёти баланди ҷомеа қарор дошта бошад, маънавиёт аз омилҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ муқаддамтар бояд бошад. Аз назари ӯ, агар дар ҷомеа омили иқтисодӣ боло гирад, моддиёт, молу чиз, пул ва дороӣ аҳаммияти мутлақ пайдо мекунад, ҳадафи зиндагӣ хурдану дороӣ афзудан мешавад. Ва агар соҳати қудрати сиёсӣ дар ҷомеа боло гирад, «давлат бештар на аз пайи идораи ҷомеа, таъмини рушди миллат, мудофиаи кишвар, балки дар ғами пойдории худ ё ҳокимияти гурӯҳеву табақае хоҳад буд ва силоҳи саркӯбии мардум хоҳад ҷуст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё