Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин М.Шакурӣ мавқеи баробар, таносуби воқеии се омил – фарҳанги маънавӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва қудрати сиёсиро дар ҷомеа асоси пойдории давлати миллӣ медонад.
Китобҳои охирини М.Шакурӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» ва «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон»
дар таърихи илми ҷомеашиносии мо ба аҳаммияти фавқулъода моликанд. Камина бо хоҳиши марҳум М.Шакурӣ таҳрири матни тарҷумаи русии «Фитнаи инқилоб дар Бухоро»-ро ба уҳда гирифта будам ва ҳангоми таҳрир аз нақлу баррасиву натиҷагириҳои муаллиф дар мавриди воқеаҳои марбут ба табаддулоти давлатӣ дар Бухоро аз ҳар сатри ин китоб сӯзи дил ва коҳиши ҷони муаллифро эҳсос менамудам. Айни чунин эҳсосот ҳангоми мутолиаи китоби «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон» низ вуҷуди касро фаро мегирад. Ин асарҳо таърихи нави (на навтарини) халқи тоҷик, саҳифаҳои пурфоҷиаи сарнавишти миллати сарсахту ҷавркашидаи моро аз дидгоҳи тамоман нав, бо ҷуръати миллатдӯстии олимона, бо истифодаи далелҳои тозаи таърихӣ ба маърази таҳлилу натиҷагирии мантиқиву илмӣ кашидаанд. Ин китобҳоро, метавон гуфт, М.Шакурӣ ашкрезон бо хуни дил навиштааст.

P.S. Чор рӯз қабл аз вафоти муаллим М.Шакурӣ китоби «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон»-ро нашриёти «Адиб» аз чоп баровард ва раиси нашриёт Фарҳод Каримов чанд нусхаи китобро барои муаллиф ба бемористони Ибни Сино овард. Хурсандӣ ва ҳаяҷони муаллимро ҳаддеву каноре набуд, китобро ба дидагон пахш кард, ашк дар косаҳои чашмонаш ҳалқа зад. Ашки шодӣ аз дидани охирин асар ва ашки ҳасрату таассуф аз поёни умр ва анҷоми эҷод… Рӯзи дигар, вақте ки ба аёдаташ рафтам, муаллим тамоман бемадор буд, базӯр ҳарф мезад. Охирин хоҳиши марҳум аз банда чунин буд: агар имкон ёбед, китоби «Садриддин Айнӣ»-и маро ба чоп дар таҳрири худатон омода кунед.

пешина
аз 202
навбатӣ