Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар китоби «Хуросон аст ин ҷо» масъалаи забон ҳамчун омили асосии муайянкунандаи асолати миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи М.Шакурӣ қарор дорад. Мулоҳизаҳову мубоҳисаҳои ӯ дар иртибот ба масъалаи як ё се забон будани форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ бо назардошти таърихи забон ва вазъи кунунии се кишвари ҳамзабон ба гунаи зайл ҷамъбаст шудааст:
«Ба ақидаи камина, имрӯз ба номи аслии таърихии забони мо илова шудани калимаи «тоҷикӣ» зарур аст ва онро «забони форсии тоҷикӣ» номидан ба ҳақиқати (воқеияти – А.А.) таърихии кунунӣ муносибтар аст. Зеро мардуми эронитабори Осиёи Миёна дар садаи бист, дар замони шӯравӣ бо номи «тоҷик» миллат шуданд, миллияти онҳо, кишвари онҳо, ҳама ҳастии имрӯзии онҳо ба аҳли олам ба ҳамин ном шинос омад».
Дар ин китоб масъалаи умумият ва тафовутҳои се шохаи миллии як адабиёти бузурги форсизабон – Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ мавриди гуфтугузори ҷиддӣ қарор гирифта, муаллиф сари чунин падидаи муҳим ба баҳс мепардозад, ки «асоси миллии адабиёти тоҷикии кунунӣ аксаран дар байни адабиёти форсии Эрон ва даризабони Афғонистон муштарак аст, чизест, ки инро бо онҳо мепайвандад. Ва ин на пайванди андак ва ҷузъӣ ва ё гоҳ-гоҳӣ, балки куллӣ ва ҳамешагӣ буд. Ҷаҳонбинии иҷтимоъиву сиёсӣ ва мазмуни идеологӣ дар адабиёти шӯравии тоҷикӣ аз адабиёти Эрону Афғонистон тафовути амиқе дошт, аммо бунёди миллӣ ва решаҳои таърихиву фарҳангии адабиётро дигар карда натавонист ва аз ин ҷиҳат адабиёти тоҷикӣ аз адабиёти Эрону Афғонистон дур нарафтааст. Решапайванди се шохаи адабиёти форсӣ, агарчи гоҳ осеб медид, ҳамеша аз воситаҳои асосии ғизорасонӣ буд».
Дар китоби «Хуросон аст ин ҷо» мавзӯъҳои гуногун – таърих, адабиёт, фарҳанг, маънавият ва ғайраҳо гоҳ ҳар кадом дар алоҳидагӣ, гоҳи дигар дар алоқамандӣ ба ҳамдигар мавриди мулоҳазаву мубоҳаса қарор гирифтаанд. Вале дар ҳамаи мавридҳо муаллиф забонро решаи бунёдӣ ва рукни асосиву аслии ҳастии таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллат маънидод карда, ба умумият ва муштаракоти забону адабиёти халқҳои Тоҷикистону Эрону Афғонистон арҷ мегузорад.

пешина
аз 202
навбатӣ