Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

В.В.
Бартолд «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро қомуси таърихӣ номида, нигошта буд, ки ягон халқи Осиёю Аврупо дар асрҳои миёна чунин қомусро соҳиб набуд. Китоб бо забони форсӣ навишта шуда, дар замони муаллиф ба забони арабӣ тарҷума шудааст.
Карпини (Ҷовано да Плано 1182-1252)-ро, сайёҳи итолиёвӣ соли 1245 бо фармоиши папаи Рим Иннокенти IV ҳамчун роҳбари сафорат ба Муғулистон фиристода мешавад. Карпини соли 1246 дар қурултойи нўйонҳо ва маросими тахтнишинии писари Уқтойхон – Гуюкхон низ ширкат дошта, соли 1247 бо номаи ҷавобии дипломатии Гуюкхон ба Ватан бармегардад. Ў аз худ дафтари хотироти сафарро боқӣ гузоштааст, ки оид ба омўзиши таърихи истилои муғул аз сарчашмаҳои асосӣ маҳсуб меёбад.
Баробари маъхазҳои дасти аввал академик Б. Ғафуров аз тадқиқоти бунёдии олимони шинохтаи шўравӣ ва хориҷии вақт амсоли таълифоти В.В. Бартолд, А.Ю. Якубовский, Б.Я. Владимиртсев, И.П. Петрушевский, А.М.
Беленитский, Е.А. Давидович, Б.Я. Тихвинский, О.Д.
Чехович, М.Е. Массон, Л.В. Строева, А.А. Ализода, А.М.
Бачинский, Л.С. Бретанитский, Г.А. Пугаченкова, Р.И.
Ремпел, В.А. Шишкин, Н.Н. Вактурская, Б.А. Литвинский, Е.А. Атагарриев ва Б. Шпуллер дар тасвир ва таҳлили таърихи истило ва давраи ҳукмронии муғулҳо ба шакли фаровон истифода намудааст.
Б. Ғафуров оид ба лашкаркашии муғул ва истилои Осиё Миёна аз тарафи онҳо баҳои воқеӣ дода, менависад: «Истилои муғул ба сари халқҳои Осиёи Миёна мусибатҳои беҳаду ҳаср овард. Дар натиҷаи талаву тороҷ ва сўхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо қатли ом гардиданд» (саҳ.608).

пешина
аз 142
навбатӣ