Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ибтидо он нуқтаи назарро, ки ҳуҷуми муғулҳоро ба Осиёи Миёна ҳамчун «ҳаракати бетартиб ва худсаронаи бодянишинон» медонанд, зери танқид гирифта, ҳуҷуми Чингизхонро «бар асоси мулоҳизаҳои амиқ ва нақшаҳои муайян» ва «бо тамоми ҷиддият тайёр» шуда меҳисобад.
Дар ин самт ва «дар умури ташкилот ва сохти идораи дохилии Муғулистон» нақши муҳим доштани тоҷирони сарватманди Мовароуннаҳрро бо ҳамроҳии уйғурҳо таъкид менамояд.
Академик Б. Ғафуров ҷараёни истилошавии Мовароуннаҳр, парокандагии лашкари Хоразмшоҳиён, ба мудофиа омода набудани шаҳру маҳаллҳои минтақа, бештар аз тарафи аҳолӣ нишон додани муқовимат ва қаҳрамонию шуҷоати мардуми одӣ дар роҳи дифои марзу бум, пурра ба харобазор табдил шудани мулкҳо, қатли ом, ба ғуломӣ бурдани аҳолӣ, махсусан пешаварон ва занону кўдаконро пурра инъикос намуда, менависад: «Фақат оммаи халқ шаҳру деҳаҳои худро фидокорона мудофиа мекарданд, дар ҳоле ки аъёну ашроф, амалдорон ва табақаи олии рўҳониёни ислом барои ҳифзи ҳаёт, молу мулк ва ҷоҳу ҷалоли худ бо душман созиш менамуданд» (саҳ.606).
Дар айни замон Б. Ғафуров муборизаи қаҳрамононаи халқҳои Мовароуннаҳрро тасвир намуда, таъкид менамояд, ки «Ин мубориза ҳамлаи муғулҳоро камқувват карда, роҳи минбаъд ба ғарб паҳн шудани онҳоро масдуд намуд» (саҳ. 608). Воқеан, муборизаи ҷонфидоёнаи тоҷикон ва баъдан халқи рус ба лашкаркашии минбаъдаи муғул таъсири ниҳоят ҷиддӣ расонида, халқҳои Аврупои Ғарбиро аз даҳшати муғул эмин дошт.

пешина
аз 142
навбатӣ