Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих

ПЕШГУФТОР
Бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таҳқиқу омўзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик боз ҳам вусъати тоза пайдо намуд. Ҳарчанд омўзишу таҳқиқи илмии таърихи тоҷикон бо низоми муайян ҳанўз аз нимаи дуюми асри XIX ибтидо гирифта, дар қарни XX, махсусан замони шўравӣ ба як соҳаи мустақили илми таърихшиносии ҷаҳонӣ табдил ёфта буд.
Аммо дар марҳалаҳои пешин мавҷудияти чаҳорчўбаҳои гуногуни идеологию мафкуравӣ барои таҳқиқи комилу ҳаматарафаи тамоми паҳлуҳои он монеаву сангарҳои сунъӣ ба бор меоварданд. Вале эътирофи мавҷуд будани чунин мушкилиҳо маънои инкор ва ё нодида гирифтани дастовардҳои беназири илми таърих ба вежа шохаи тоҷикшиносии он дар ду садаи охир набуда, баръакс маҳз дар ҳамин марҳалаҳои таърихӣ мактаби илмии таърихшиносии тоҷик ташаккул ёфт ва тоҷикшиносӣ ба яке аз самтҳои асосии илми таърих мубаддал гардид.
Соҳибистиқлолӣ ба марҳалаи комилан нави рушди таърихшиносии тоҷик на танҳо ибтидо гузошт, балки нақши таърих ва мақоми онро дар худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон ба сатҳи давлатӣ баровард. Таваҷҷуҳ ба сабақҳои таърих, оину суннатҳои волои давлатдорию фарҳангии аҷдодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи ин хазинаи бузурги арзишманд дар роҳи ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллату кишвар, таҳким ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти комили давлатӣ дар сиёсати давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлол мақоми меҳварӣ пайдо намуд. Арҷгузорӣ ба дастовардҳои таърихию фарҳангии миллат, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ ва ҷашни ёдгориҳои нодир ва чеҳраҳои мондагори таърихӣ, қабули барномаҳои мукаммали давлатӣ баҳри ҳифзу нигаҳдошти осори бостонию фарҳангӣ, муаррифии мероси гаронбаҳои таърихӣ дар дохил ва беруни кишвар боиси бедорӣ ва худшиносии аҳли ҷомеаи кишвар гардиданд.

аз 142
навбатӣ