МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҳамзамон Истиқлолият дар рушди пажуҳиши илмии таърихи халқи тоҷик, ниҳоят васеъ гардидани доираи масоили таҳқиқшаванда, пеш аз ҳама паҳлуҳои аз мадди назар дур афтода, таҷдиди назар шудани метод ва методологияи таҳқиқ, таҳияи консепсияи миллии таҳқиқи таърихи миллат, муайян намудани марҳалаву давраҳои асосии таърихи тоҷикон аз мавқеи манфиату ҳадафҳои имрўзаи миллӣ дигаргунии ҷиддӣ ворид намуд. Илми таърих дар сӣ соли давраи Истиқлолият дар самти омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик соҳиби дастовардҳои чашмрас гардид, ки ба ин пажуҳишҳои бунёдӣ, ба чоп расидани рисолаву монография, мақолаву гузоришҳои зиёди муаррихони ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳанд. Махсусан, чопи асри бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», китобҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (дар чор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат - ҳастии миллат» (дар ду китоб), чопи нави шоҳасари академик Б.Ғафуров «Тоҷикон» ва туҳфа шудани он ба ҳар як хонадони сокинони кишвар, нашри «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» (дар ду китоб), «Таджики» аз силсилаи «Ақвом ва фарҳангҳо» дар Маскав, бознашри «Тоҷикони водии Хуф»-и М.С. Андреев намунае аз дастовезҳои илмии замони истиқлолият маҳсуб меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё