Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Илми таърих, ба вижа муаррихони касбиро ҳалли масъалаву корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ дар пеш аст. Зеро, бисёре аз масоили таърихӣ, саҳифаву ҳодисаҳои торики таърихию фарҳангӣ таҳқиқи ҷиддии бунёдӣ ва ё таҷдиди назари навро талаб менамоянд. Китобе, ки барои хонанда пешниҳод мешавад, фарогири силсилаи мақолаҳи солҳои охир буда, доир ба мавзуҳои гуногуни таърихӣ аз назари нав ва нигоҳи тоза таълиф шудаанд.
Китоб аз се боби алоҳида иборат мебошад. Боби аввали он ба инъикоси масоили консептуалии таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Воқеан Пешвои муаззами миллат дар асарҳову мақолаҳо ва суханрониҳои зиёди худ ба масъалаи омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, консепсияи илмии таҳқиқи он, таърихи қадимтарин ва қадими халқи тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Асарҳои ба таърих, таърихи фарҳанг ва забони тоҷикӣ бахшидаи Пешвои миллат беҳтарин дастур ва роҳнамо барои муаррихон ва пажуҳандагон мебошанд.
Боби дуюми китоб таҳлили инъикоси таърихи пайдоиш ва рушди ниҳодҳои омўзишии Варазрўд ва муносибати табақаи рўҳониён ба онҳо дар осори ду олими шинохтаи тоҷикшинос академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семеновро дар бар мегирад. Агар академик В.В. Бартолд бештар ба таърихи пайдоиши мактабу мадраса ва дигар ниҳодҳои омўзишӣ, ба мисли хонақо, далоилхона, корвонсарой бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда бошад, академик А.А. Семенов доир сохтори табақавии аморати Бухоро, мақому манзалати бонфузтарин табақаи он, руҳониён ва муносибати ҳамин табақа ба пайдоиш ва фаъолияти мактабҳои усули нав ё худ ҷадид диққат додааст. Аз таҳлилу мушоҳидаҳои олим бар меояд, ки яке аз монеаҳои асосии роҳ наёфтан ва паҳн нашудани мактабҳои усули нав ва умуман, дар ҳолати сукут қарор доштани маорифу фарҳанги аморат муқобилияти шадиди намояндагони ҳамин табақа будааст.

пешина
аз 142
навбатӣ