Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар боби сеюми китоб нақши академик Б.Ғ. Ғафуров дар ташаккули мактаби илми таърихшиносии тоҷик, назари ин олими шинохта ба бархе аз масъалаҳои мубрам ва консептуалии таърихи халқи тоҷик, нақши ў ҳамчун сарвари ҶШС Тоҷикистон дар мактабу маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бо истифода аз асарҳои бунёдии академик Б. Ғафуров ва маводи маъхазу бойгониҳо ба бисёр паҳлуҳои фаъолияту таҳқиқоти ин олими шинохта рўшанӣ андохта шудааст.
Умедворем китоби мазкур ба хонандагон, унвонҷўёну донишҷўён ва умуман онҳое, ки ба таърихи пурпечутоби халқи тоҷик таваҷҷўҳ доранд, писанд хоҳад омад. Муаллиф бо арзу сипос андешаву назари хонандагон ва пешниҳоду интиқоди онҳоро қабул хоҳад намуд.

пешина
аз 142
навбатӣ