Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

БОБИ 1
КОНСЕПСИЯИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР
АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

1.1.Консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият, ки барои омўзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи паҳлуҳои гуногуни таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созандаро муҳайё сохт, ба давраи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт. Маҳз дар ҳамин давраи нисбатан кўтоҳи соҳибистиқлолӣ олимони ҷумҳурӣ ба пажуҳиши саҳифаҳои торик ва берун аз доираи таҳқиқ мондаи таърихи халқи тоҷик рў оварда, дар ин ҷода натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Чоп шудани таҳқиқоти ҷиддӣ ва рисолаҳои бунёдӣ, ба дасти хонанда расидани осори хаттии гузашта, ба вижа манобеи гуногуни таърихӣ шаҳодати рушди марҳалаи комилан нав дар таърихнигории ватанӣ мебошад.
Омили ҳалкунанда ва созанда барои таҳқиқу омўзиши таърихи миллати тамаддунофар, дар марҳалаи кунунӣ, таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанги гузаштаи аҷдодӣ ҳисоб меёбад. Президенти Ҷумҳурӣ на танҳо тавассути Паёму суханронӣ ва дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ арҷгузории худро нисбат ба хидмату дастовардҳои нухбагони таъриху фарҳанг ва илму адаби миллат, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ нишон медиҳад, ҳамчунин бо таълифи мақолаву асарҳои илмӣ назари худро ба масоили гуногуни таърихӣ иброз намуда, дар таҳқиқи таърихи миллат нақши арзандаву сазовор мегузорад.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро бештар масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии аҷдоди тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ба худ ҷалб сохтааст, ки он дар ҳамаи мақолаву асарҳо ва мусоҳибаҳои ў возеҳ ба чашм мерасад. Дар ин поя метавон асарҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурӣ «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Душанбе, 1995, 1996, 1997, 1999), «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» (Иборат аз чор китоб.
Китоби якум. -Лондон, 1999; Китоби дувум. -Душанбе, 2002; Китоби сеюм. -Душанбе, 2006; Китоби чорум. - Душанбе, 2009), «Тоҷикистон дар оинаи фардо» (Душанбе, 1997), «Фарҳанг ҳастии миллат» (Душанбе, 2001), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (Иборат аз 12 ҷилд. Душанбе, солҳои 2002-2009), «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд» (Душанбе, 2004), «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун» (Душанбе, 2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, 2006- 2007), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо» (Душанбе, 2006), «Дар бораи дин» (Душанбе, 2006), «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» (Душанбе, 2009), «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам»
(Душанбе, 2009), «Дин ва ҷомеа» (Душанбе, 2012), «Забони миллат-ҳастии миллат» (Душанбе, 2015), «Чеҳраҳои мондагор» (Душанбе, 2016), «Уфуқҳои истиқлол» (Душанбе, 2018) ва чандин асару мақолаҳои дигарро ёдовар шуд.
Таҳлили андешаҳои Пешвои миллат оид ба масоили гуногуни таърихӣ ва инъкоси онҳо дар асару мақолаҳо ва суханронию мусоҳибаҳо дар доираи як мақолаи хурд аз имкон берун аст.

пешина
аз 142
навбатӣ