МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аз ин рў мо тасмим гирифтем, ки танҳо дар атрофи таҳқиқоти бунёдии Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва нақши он дар таърихшиносии миллӣ андеша баён намоем.
Воқеан ба чоп расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих»
қадами ҷиддӣ ва мондагоре дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни минтақа ва ҷаҳон мебошад. Силсилаи мазкур дар ибтидо ҳамчун дастури муҳими таълимӣ барои хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот (солҳои 1995-1999) бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расида буд.
Нашри мукаммали «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар чор китоб солҳои 1999 - 2006 сурат гирифт, ки дар шинохт ва таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз рўи меъёрҳои нави таърихнигорӣ тобиши нав ва комилан ҷиддиеро ба миён овард. Сарвари давлат дар китоби якум ба таърих рў овардани худро «аз рўи адои қарзи фарзандӣ дар назди обу хоки диёр, Ватани кўҳанбунёд ва миллати азизу ҷафокашидаи тоҷик» ва илҳом гирифтан «аз баракати истиқлолият ва давлатдории миллӣ» бо «азми ба сарчашма ва оғози оғозҳо расидан»
медонад. Дар ин замина аз масоили меҳварӣ ва суннатии тамаддуни қадими ниёгон, бавижа сабақҳои таърих, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон ба мисли Дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт-паёмбари оини ростин, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон-Бохтару Суғд ва тафсири дигар арзишҳои таърихию фарҳангиро ёдовар мешавад.
Рў овардани Сарвари давлат ба ин масоили таърихӣ бесабаб нест, зеро «Зуҳуроти бегонапарастӣ, - менависад Пешвои миллат, - дар либосу ҷомаи нав ба ҷилва омадааст, ки баъзан арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро ба марзҳову кишварҳои ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд».
Воқеан, пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва дар ин замина эълон шудани ҷумҳуриҳои мустақил, роҳбарияти нави ин кишварҳо ва зиёиёни дар атрофи онҳо муттаҳид гардида, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ ба таълифи ғаразноки таърихи миллату давлати хеш оғоз намуданд. Онҳо кўшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар чӣ бештар нақши халқи худро дар ташаккул, рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳонӣ ба дараҷаи намунавию ҳалкунанда ҷилва диҳанд. Табиист, ки ба чунин шакл навиштани таърих дар амал маънии инкори арзишҳои таърихии халқи тамаддунофари минтақа - тоҷиконро дорад. Чунин муносибати ғайриилмӣ ба таърихи минтақа, Сарвари хирадманди давлатро бетараф гузошта наметавонист.
Дар китоби аввалмасъалаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар яке чун муъҷизоти муҳими таърихи башар эътироф шуда, аз нақши мукаммалу фарҳангофарии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд. Ин арзишҳои суннатӣ, имрўз низ асолати гумманистӣ ва пайвандгарии наслҳоро гум накардаанд. Пешвои миллат Роҳи бузурги абрешимро чун пайвандгари гузаштаву имрўз ва фардо нишон дода, Авасторо нахустин қомусномаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ҳамзамон таъкид менамояд, ки «Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишҳои ахлоқиро дар либоси дин ба ҷилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарманшаъи зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор дод».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё