МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Тамаддуни ориёӣ дар ҳавзаи дарёҳои бузурги минтақа арзи вуҷуд намуда, дар ин паҳно ташаккул ёфта, қавму қабоили гуногунро ғизои маънавӣ додааст. Ин падидаи беамсол мисли рўдҳои кишвар пайвандгару рўҳбахшу созанда ва чун об ҳамеша софу шаффоф будааст. «Мо ба гузашта, - менависад муаллиф, - ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рўй меоварем».
Китоби дувуми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» рамзист, ки бо таҳлили авзои сиёсии ҷаҳон дар давраи гузариш аз садаи бист ба қарни бистуяк оғоз меёбад. Ва ин бесабаб нест. Муаллиф дар ин ҷо на танҳо чун муҳаққиқ, балки ҳамчун Сарвари давлат ва сиёсатмадори даққиқназару дурандеш авзои сиёсии ҷаҳонро дар давраи гузариш аз як сада ба садаи дигар дар мизони таҳлил баркашида, диди худро доир ба пешомади ҷаҳони муосир дар садсолаи нав манзур менамояд ва ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, ки рў ба таърих оваранд ва бубинанд, ки ҷангу ҷидол ва хунрезиҳо аз худ чи осоре боқӣ гузошта, инсоният чи талафоти бузурге додааст. Ду ҷанги ҷаҳонии садаи бистум беш аз 60 миллион мардуми рўи заминро ба коми марг кашид. Талафоти ҷонии мамлакатҳои Аврупо танҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ду баробар аз талафоти сеасраи гузашта зиёд буд. Оё ин сабақи таърихӣ нест? Вале, афсўс ҳоло ҳам «садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рўз ба гўш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё