Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих

Истилоҳоти забоншиносӣ дар даврони муосир Дар даҳсолаҳои охир дар баробари густариши мактабҳои гуногуни забоншиносӣ, ташаккул ва таҳаввули риштаҳои нави илми забон теъдоди истилоҳоти илмии риштаҳои гуногуни забоншиносӣ бо шаклу мазмуни басо гуногун ба маротиб афзуд. Ҳамакнун мавридҳои гуногуни истифодаи ин гурўҳи истилоҳот тавзеҳу тафсири онҳо дар сарчашмаҳои гуногун муаммоҳои зиёдеро пеш оварад. Баробари ин ҳама теъдоди луғатҳову замимаҳо доир ба истилоҳоти илми забоншиносӣ ва ҳамчунин истилоҳоти дигари илмӣ, ки гоҳо ғайриихтиёр баъзе истилоҳоти забоншиносиро фаро мегиранд ва ё ба ин гурўҳи истилоҳоти илмӣ ишора мекунанд, бештар гардидааст. Албатта рушди рўзафзуни илми забоншиносӣ ва ташаккули самтҳои муштараки илмӣ дар миёни илми забоншиносӣ ва улуми дигар низ ба он мусоидат менамояд, ки истилоҳоти илмӣ низ дар ин самтҳо ҳамарўза дар ҳолати рушду таҳаввул бошад.
Далели ин дар солҳои охир ба миён омадану инкишофу бесобиқа доштани риштаҳои муштараки илмии назири лингвофолклористика, лингвистикаи компютерӣ, лингвокултурология, этнолингвистика, юрислигнвистика, лингвистикаи корпускалӣ, барномарезии нейролингвистӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳанўз дар забоншиносии тоҷик як луғати комилу ягонаи истилоҳоти забоншиносӣ, ки битавонад тамоми истилоҳу вожаҳои соҳавии ин илмро фаро гирифта тавзеҳу тафсири зарурии онро ба таври бояду шояд пешниҳод созад, интишор нагардидааст. Нашри чунин манбаи муҳими илмӣ барои илми забоншиносии тоҷик аз вазифаҳои муҳим ва басо арзишманд дар илми муосири забоншиносии тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Равшан аст, ки дар мубоҳисоту гузоришоти илмии забоншиносӣ то ҳанўз мушкилоти истилоҳот ва мавридҳо гуногуни истифодаи онҳо зиёд ба мушоҳида мегардад. Чунин тарзи корбурди истилоҳоти илмӣ метавонад дар оянда боиси нобасомониҳои зиёд, духўрагии маъно, мубоҳисоти берун аз моҳияти илмӣ ва заҳматҳои бесамар гардад.

аз 389
навбатӣ