Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Бинобар ин таҳияи як луғати комил ва ё номгўи муфассали истилоҳоти илмӣ дар забоншиносии тоҷик зарурати замон, тақозои густариши илм ва равандҳои навин аст. Албатта, таҳияи чунин луғат аз вазифаҳои андаку саҳл набуда, он басо муносибати ҷиддӣ, дақиққорӣ ва азхудгузаштанҳо меҳнати зеҳнфишор ва масъулияти баландро тақозо менамояд. Ҷиҳати дигари муҳими масъалаи мазкур он аст, ки маҷмўи истилоҳоти илми забоншиносӣ на аз он мафҳумҳо, ашёҳои воқеӣ ва раванду ҳодисоти гуногун аст, ки тавассути забон шарҳу тавзеҳ меёбанд, балки ин гурўҳи истилоҳот дар бораи ҳодисаҳо ва воҳидҳои гуногуни забон буда, дар маҷмўъ як тарҳи умумии илми забонро мисоли як шабаҳ ва акси забон (метазабон) нишон медиҳанд ва назири як забоне дар бораи худи забонанд. Яъне ба таври дигар гуфтан мумкин аст, ки ин намуди «метазабон» дар навбати худ забони дараҷаи забарзабонӣ аст ва онро чун як низоми семиологии инъикоси объективии забон метавон шуморид.
Бинобар ин, забони вокеӣ тавассути акси забон ва ё худ метазабон омўхта мешавад, ки дар ин бора муҳаққиқони варзидаи риштаи забоншиносӣ ба монанди А.И. Смирнитский, В.В. Иванов, О.С. Ахманова ва чанде дигарон андешаҳои ҷолиби диққат доранд.1 Солҳои минбаъда чи дар забоншиносии чаҳон, чи дар забоншиносии собиқ шўравиву тоҷик дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шудааст, вале то ба имрўз ҳамоно тарҳи комилу пурраи метазабон дар шакли феҳристи истилоҳоти илми забоншиносӣ ва луғоти соҳавӣ матраҳ нест. Дар баробари ин ҳама илм дар бораи забони инсон агар инъикоси забони воқеӣ бошад, пас вожашиносӣ ва луғатнигорӣ дараҷаи дуввуми инъикоси забон буда, дар илми муосир бо унвони металингвистика муаррифӣ мешавад, ки онро ҳамчун «илм дар бораи илми забоншиносӣ» донистан мумкин аст.
Предмети омўзиши илми металингвистика мафҳумҳои мансуб ба илми забоншиносӣ мебошад, ки тавассути онҳо забони воқеии инсон, тафсиру тавзеҳи он омўхта мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки металингвистика на танҳо истилоҳоти илмии забоншиносиро меомўзад, балки он масъалаҳои фарохтареро дар бар гирифта, маъмулан, тамоми мафҳумҳо, услубиёти илмӣ ва масъалаҳои дигари назарии илми забоншиносиро низ инъикос намуда, дар баробари ин фарзия ва хулосаҳои истидлолии мушаххасро доир ба масъалаҳои баҳси худ баён менамояд. Дар мавриди металингвистика, ки қисмати асосии онро таҳия, таҳқиқ ва тафсиру тавзеҳи истилоҳоти илми забоншиносӣ ташкил медиҳад, метавон ба таври ҷудогона ҳарф зад, зеро дарҳақиқат ин риштаи илми забоншиносӣ яке аз бахшҳои муҳиму айнизамонӣ буда он тафсилоти бештару мушаххастареро тақозо менамояд. Ҳоло мо кўшиш мекунем, ки назари худро доир ба истилоҳоти илми забоншиносӣ баён намоем.
Истилоҳот маъмулан як низоми мафҳумҳои марбут ба илми ҷудогона аст, ки мафҳумҳои мушаххасро бо тафсилоту тавзеҳоти махсус ифода менамояд ва хусусиятҳои корбурди онҳоро дақиқан нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё