Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чан-чун (Чан-чун Чжен-жен ё Цю Чан-чун, 1148-1227) олим, сайёҳ ва роҳиби даоссӣ, солҳои 1221-1224 аз Пекин то соҳилҳои Амударё сайёҳат намуда, бо чашми худ қатлу ғорат ва харобиҳои муғулҳо ба сари мардуми тоҷик овардаро дидааст. Аз дидаву шунидаҳо ва натиҷаи сафари Чан-чун шогирд ва ҳамсафараш Ли-Чжи-Чан китоби «Си ю цзи» («Тасвири сайёҳат ба Ғарб»)-ро менависад, ки доир ба ҷуғрофия, иқтисодиёт, хоҷагии кишоварзӣ, вазъи вазнини аҳолӣ ва харобии манотиқе, ки Чингизхон истило намуда буд, маълумоти дастиаввал медиҳад.
Ибни Асир (с. 1160-1232), ки худ шоҳиди ҳуҷуми муғул буд, дар асараш «Ал-комил-фи-таърих» оид ба ҳуҷуми муғул ба сарзамини тоҷикон маълумот додааст. Аммо ба андешаи В.В. Бартолд Ибни Асир, ки худ дар Миёнрўд (Байнаннаҳрайн) иқомат дошт, доир ба рафти истилои Осиёи Миёна аз тарафи муғулҳо он қадар маълумоти саҳеҳ дода наметавонист ва хабари ў доир ба гирифтани Бухорою Самарқанд аз рў нақли шоҳидони воқеа мебошад. Асари ў дар замони Темуриён аз арабӣ ба форсӣ бозгардон шуд, ки он ба пуррагӣ то ба замони мо расидааст.
Сарчашмаи дигар оид ба таърихи забткориҳои муғулҳо асари Рашидуддини Фазлуллоҳ (1247- 48 – 1318) «Ҷомеъут-таворих» аст, ки муаллифи он аввал ҳамчун табиби дарбори Элхонон (Хулагўён) ба хидмат мепардозад ва то ба мансаби вазирӣ мерасад. Рашидуддини Фазуллоҳ аввалин муаррихи тоҷик аст, ки ба навиштани таърихи қабилаҳои муғул даст зада, дар таълифи он аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва асарҳои муғулӣ истифода кардааст.

пешина
аз 142
навбатӣ