МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Муҳаққиқи дақиқназар ҳанўз соли 1947 дар «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» истилои муғул ва оқибати онро таҳлил намуда, таъкид ба он менамояд, ки забти Осиёи Миёна аз тарафи муғулҳо «барои халқи тоҷик ва дигар мардуми ин мамлакат як ҳалокати мудҳиш ва мусибати бузурге гардид, ки мислашро касе на дар рўз дида буд ва на дар шаб». Баъдан дар нашрҳои русии ин китоб ва ахиран дар «Тоҷикон»-и худ низ дар такя ба маъхазҳои муътамаду пажуҳишҳои муҳаққиқони шинохтаи самтҳои гуногун жарфтар ба ин масъала таваҷҷуҳ намудааст.
Маъхазҳои дасти аввал доир ба таърихи аҳди истилои муғулро асосан метавон ба се гурўҳ тақсим намуд: 1) маъхазҳое, ки муаллифони он ба истилои муғул нигоҳи нафратангез доштанд ва ё нуқтаи назари озод ва хосро соҳиб буданд. Ба ин гурўҳ асосан таълифоти Ибни Асир, Насавӣ ва Ҷузҷониро метавон ворид намуд; 2) асарҳое, ки бо супориш ва ё хоҳишу ҷонибдории ҳокимони муғул таълиф шудаанд ва ё муаллифони он ба муғул ва истилои он ҳусни таваҷҷўҳ доштанд. Ба ин гурўҳ метавон навиштаҳои Ҷувайнӣ, Рашидуддини Фазлуллоҳ, Вассоф, Ҳамдуллои Қазвиниро шомил сохт; 3) асарҳои муаллифони музофоти алоҳида, ки бо хоҳиш ва супориши ҳокимон ва ё хонадонҳои нуфуздоштаи маҳаллӣ таълиф шудаанд. Таҳлили нисбатан комилтари маъхазҳои таърихӣ доир ба давраи истило ва ҳукмронии муғулҳо дар муқаддимаи асари В.В. Бартолд «Туркестан в эпоху монгольского нашествия» дода шудааст.
Академик Б. Ғафуров асосан дар асари комилу бунёдии «Тоҷикон» ҳангоми таълифи мавзуи «Халқи тоҷик дар давраи Чингизиён» аз чаҳор сарчашмаи муътамад, навиштаҳои сайёҳи Чин Чан-Чун, таълифоти Ибни Асир, асари Рашидуддини Фазлуллоҳ ва сайёҳи итолиёӣ Карпини Плано истифода кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё