Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Имрўз низ сабаб ва ҳам оқибати истилои муғул ва ҳукмронии онҳо, ки муддати 12 даҳсола дар Осиёи Марказӣ идома ёфта буд, мавриди таҳлил қарор дорад. Фредрик Старр, муҳаққиқи англисзабони ҳамзамони мо, андешаву мавқеи пажуҳандагонро доир ба ин ҳаводиси таърихӣ радабандӣ намуда, ҷой доштани гуногунназариро атрофи истилои муғул ва оқибати он таъкид менамояд. Аз ҷумла, як зумра муҳаққиқон забти муғулро ҳамчун тўфони иҷтимоии ногузир ва боздоштанашаванда ва охирин хурўҷи бузурги бодянишинӣ аз Осиё медонанд. Гурўҳи дигар, асосан аз Осиёи Марказӣ онро ҳамчун интиҳои сарнавиштсози асри тиллоии таърифии минтақа мебинанд. Ва бархе аз муҳаққиқони хориҷию дохилӣ харобкориҳои муғулро дар ибтидо эътироф карда, баробари он таъкид менамоянд, ки маҳз муғулҳо ба тиҷорати озод мусоидат намуда, соҳаҳои гуногуни омўзишро дастгирӣ мекарданд.
Ба ақидаи ин гурўҳ муғулон дар байни созандагони олами давр буданд.
Ваҳшоният ва бедодгарии муғулҳо бо сардории Чингизхон ва ворисонаш дар таърих ҳамто надошт. Чингизхон ҳамчун як қотил ба рўи саҳнаи сиёсии олами қурунивустоӣ зуҳур карда, дар натиҷаи сиёсати истилогаронаи ўву ворисонаш миллионҳо одами бегуноҳ, ба вижа тоҷикон аз дами теғ гузаронида шуданд. Сиёсати ғосибонаю қатли оми муғулро кулли муаллифони асримиёна ва пас аз он, муҳаққиқону мутахассисони давраи наву навтарин бо далелу асноди зиёд тасвир намудаанд. Ба ақидаи муҳаққиқи шинохта И.П. Петрушевский «Сиёсати муғулҳо ва ҳокимони онҳо ин низоми муташаккили террор бо мақсади комилан нест намудани қишрҳои муқовиматкунандаи аҳолии маҳаллӣ, тарсонидани онҳо ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани нооромии умумӣ дар кишварҳои ғасбшуда буд».

пешина
аз 142
навбатӣ