МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
3.3. КОНСЕПСИЯИ ТАҲЛИЛИ ИСТИЛОИ
МУҒУЛ ВА ОҚИБАТИ ОН ДАР АСАРҲОИ
АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ
Соли 1998 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон асари бунёдии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро «сарчашмаи худшиносии миллӣ»
номида, таъкид намуда буд, ки «Омўхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ, - хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира, - сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад».
Воқеан омўзиш ва пажўҳиши таърихи миллату кишвар барои насли имрўзаву оянда бардошти сабақ бо мақсади созандагиву бунёдкорӣ ва тарҳрезии зиндагии минбаъда аст.
Тоҷикон ҳамчун қадимтарин сокинони бумии Осиёи Марказӣ аз ибтидо дар Варорўду Хуросон ва манотиқи ҳамҷавори он ҳаёт ба сар бурда, дар таърихи башар ҳамчун мардуми сулҳҷў ва тамаддунофар эътироф шудаанд.
Вале дар паҳнои таърихи тўлонии худ борҳо ба ҳуҷуму фишори қавму қабоили бегона дучор омада, баҳри ҳифзи марзу бум ва фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ мубориза бурдаанд. Мудҳиштарин фоҷиае, ки ба сари тоҷикон омад ин ҳуҷуми муғулҳо дар ибтидои асри XIII буд. Қатли ом, ваҳшоният ва умуман хисороти моддиву маънавии ба тоҷикон расонидаи ўрдуи муғул дар маъхазҳои таърихӣ бо даҳшат тасвир ёфтаанд.
Масоили марбут ба истилои муғул ва оқибати фоҷеабори он ҳамеша дар таърихнигории ватанию хориҷӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам мақоми марказӣ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё