Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Нуфузи ин табақаи иҷтимоӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеаи феодалии асримиёнагии халқҳои эронинажод, махсусан, дар давраи то истилои араб ниҳоят баланд будааст.
Оид ба масъалаи сабабҳои асосии аз байн рафтани ин табақа миёни муҳаққиқон ихтилофи ҷиддие вуҷуд надорад. Б. Ғафуров дар асрҳои XI-XII аз ҷониби сулолаҳои кўчии Қарахонию Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ, ашрофу асилзодаҳо ва саркардаҳои ҳарбӣ харида гирифтани заминҳои мулкиро аз як тараф сабаби аз байн рафтани ин табақа донад, сабаби дигарро дар инкишофи муносибатҳои иқтисодии феодалӣ, аз қабили ривоҷи хариду фурўши замин мебинад. Ў қайд менамояд, ки «Маҳз хариду фурўши заминҳои мулкӣ сабабгори асосии ҳамчун табақаи мустақил ва асосии мулкдор аз байн рафтани қисми деҳқонон ва ба вуҷуд омадани ҳайати нави мулкдорон гардид ва ин табаддулотро тезонид» [41]. Дар барҳамхўрии ин табақа академик В. Бартолд таъсири инкишофи шаҳрҳо, тиҷорат ва саноатро [42] низ дар назар дошта, менависад, ки баробари аз байн рафтани деҳқонон заминдории калони хусусӣ низ дар Моваруннаҳр аз байн рафт [43].

пешина
аз 142
навбатӣ