МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аммо Б. Ғафуров ба далелҳои дар даст доштаи А. Мухторов такя карда, илова менамояд, ки дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла, кўҳистони тоҷик – Мастчоҳу Фалғар деҳқон ҳамчун соҳиби деҳу замин то асри XVI боқӣ мондааст [36]. Аммо А. Е. Бертелс давраи пурра аз байн рафтани табақаи деҳқонро асри XI ҳисобидааст, ки ин ба назар шубҳаовар менамояд [37].
А. Мухторов дар натиҷаи бозёфти қайроқсангҳои болооби Зарафшон ба хулосае меояд, ки деҳқон чун табақаи ашрофи заминдор дар водии Зарафшон низ мавҷуд будааст. Яке аз сабабҳои асосии идомаи мавҷудияти ин табақаи иҷтимоӣ дар тўли асрҳои XIII-XIV дур ва мушкилгузар будани мулкҳои болооби Зарафшон мебошад [38].
Андешаҳои А. Мухторов ба ҳеҷ ваҷҳ хулосаи В.
Бартолд, И. Петрушевский, Б. Ғафуров ва дигар муҳаққиқонро ботил намесозад, балки ў танҳо таъкид менамояд, ки ҳангоми омўзиши масъалаи деҳқонон чун табақаи ашрофи заминдор нисбат ба ҳамаи минтақаҳо – Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистон на бояд хулосаи ягона баровард. Ҳамчунон наметавон ба таври қатъӣ давраи анҷоми мавҷудияти ин табақаро асри XI ва XIII донист [39]. А.
Мухторов дар маърўзаи илмии худ дар Кунгураи XXVI байналхалқии шарқшиносон соли 1963 баробари маълумотҳои ба даст овардаи катибашиносӣ аз маъхазҳои таърихӣ ва адабиёти бадеӣ низ истифода намуда, пешниҳод менамояд, ки давраи аз байн рафтани деҳқонон чун табақаи иҷтимоӣ бояд таҷдиди назар гардад [40].
Ҳамин тариқ, академик Б.Ғафуров дар асарҳои худ оид ба мафҳуми «деҳқон», чун табақа ва ё гурўҳи алоҳидаи иҷтимоӣ - ашрофи заминдор баҳо дода, дар асоси мадраку маъхазҳо мақом ва манзалати ин табақаро дар ҷомеаи феодалӣ нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё