Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аммо ин ду зарба боиси пурра аз байн рафтани ин табақаи ашроф ё деҳқон нагардид. Ҳатто дар давраи Сомониён деҳқонон ҳанўз табақаи пуриқтидореро ташкил медоданд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо деҳқонони калон, монанди ҳокими шаҳри Тункати Илок, Бухорхудот, ҳокими Чағониён – Абўалии Чағон, ки ноҳия ва вилоятҳои томро соҳибӣ мекарданд, кам набуданд [33]. Ҳарчанд бисёрии онҳо ҳокимияти мустақили сиёсӣ надоштанд, вале соҳиби замин ва мулки зиёд буданд.
Бояд тазаккур дод, ки оид ба сустшавӣ ва баъдан пурра чун табақаи иҷтимоӣ аз байн рафтани деҳқон аксари муҳаққиқон ва ба вижа В.Бартолд, Б.Ғафуров ва дигар таърихшиносон дар як ақидаанд. Шикасти Сомониён, ки як сабаби он дастгирӣ наёфтан аз тарафи деҳқонон ва ҳатто бо хоҳиши тамом ба тарафи истилогарони Қарахонӣ гузаштани онҳо буд, боиси муваққатан нуфуз пайдо кардани ин табақаи ашрофи заминдор гардид. Бо истифода аз маъхазҳои гуногун Б.Ғафуров таъқид месозад, ки деҳқонони Илак дар охири асри X ва ибтидои асри XI ҳатто ба мавқеъҳои баландтар соҳиб шуда, бештар мустақилият ба даст оварданд ва эътибори онҳо, аз он ки дар асри X, дар замони Сомониён буд, баландтар гардид [34].
Б. Ғафуров дар «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (нашри тоҷикӣ ва русии он с. 1947-1949) қайд менамояд, ки дар солҳои 20-30 юми асри XIII ин гурўҳи иҷтимоӣ пурра аз байн меравад [35]. Умуман доир ба пурра аз байн рафтани деҳқонон чун табақаи ашрофи заминдор ва ҳокими ноҳия, мулк ва шаҳрҳои алоҳида аксари муҳаққиқон фикри ягона доранд. Онҳо бештар такя ба он менамоянд, ки дар маъхазҳои арабию форсии асрҳои XII-XIII ва минбаъд оид ба деҳқонон чун қувваи пуриқтидор ва табақаи ашроф маълумоти дақиқе нест.

пешина
аз 142
навбатӣ