Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар асоси мадраку маъхазҳои арабию форсӣ Б.Ғафуров хулоса мекунад, ки ҳокимон ва деҳқонон дастаҳои сершумори ҳарбӣ доштанд ва чақирҳо, ки ҳарбиёни касбӣ буданд, қисмати марказии лашкарро ташкил медоданд. Б.
Ғафуров дар такя ба маълумоти «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ бо истифода аз маводҳои иконографии Суғду Тахористон либоси махсус ва камари заррин доштани деҳқононро таъқид менамояд. Наршахӣ ривоят мекунад, ки дар арафаи истилои арабҳо, ки маликаи Бухоро дар тахт менишасту давлатдорӣ мекард, ҳар рўз 200 деҳқони навҷавон ба салому хидмати ў меомаданд [29].
Аз маълумоти матраҳшуда бармеояд, ки деҳқон ҳамчун синф, аниқтараш чун табақаи алоҳидаи иҷтимоӣ, чӣ дар ҳудуди Хуросон ва чӣ Мовароуннаҳр хеле барвақт баробари пайдоиши муносибатҳои феодалӣ зуҳур ёфтааст.
Ишораи Наршахӣ ба он ки баъди шикасти неҳзати Абрўй дар миёни қавми бозомода, деҳқони бузург, Бухорхудот, ки аз деҳқонзодаҳои қадим буд, тасдиқи фикри боло мебошад [30].
Ҳамин тариқ, то истилои арабҳо деҳқонон ҳамчун як гурўҳи муайяни иҷтимоӣ, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мақоми баланд доштанд, мавҷуд буданд. Дар арафаи истилои арабҳо ҳокимиятро дар Мовароуннаҳр деҳқонон соҳиб буданд ва онҳо дар кўшкҳои муҳташам ва мустаҳкам иқомат карда, дар давраи ҷанг қисми асосии лашкари савораро ташкил медоданд [31]. Дар давраи истилои араб бошад деҳқонон қисман маҳв ва замину молашон мусодира шудааст. Зарбаи дуюмро ба деҳқонон чун табақаи пуриқтидори ҷомеа сиёсати мутамаркази Сомониён зад. Деҳқоне, ки муқобили ҳукумати марказӣ мебаромад, аз ҳуқуқу имтиёз ва замин маҳрум мегардид [32].

пешина
аз 142
навбатӣ