Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Агар ин мафҳум дар аввал сардори ҷамоаи калони оилавиро ифода карда бошад, баъдан чун сардори деҳ, ки аз дохили ҳамдеҳагон ҷудо гардида, вазифаҳои муайяни маъмурию молиро иҷро мекард, шинохта мешуд [23]. Бо парокандашавии ҷамоаи деҳот инкишофи босуръати ба моликияти хусусӣ табдил ёфтани замин дар давраи феодалшавии ҷомеаи Сосониён ва пеш аз ҳама тақсими заминҳои шоҳӣ ба ашрофони калон ва аъзоёни бешумори дар хизмати дарбор буда, озодҳо низ сабаб гардид. Озодҳо ба табақаи поёнии синфи ҳукмрон ворид мешуданд ва нуфузи ин табақа баъд аз ислоҳоти Хусрави I Анушервон ниҳоят боло меравад. М.Дяконов мўътақид ба он аст, ки ба мафҳуми «озодҳо» пеш аз ҳама деҳқонон ва кадхудо ворид мешаванд [24].
Тазаккур бояд дод, ки Б. Ғафуров ҷомеаи давраҳои аввали асри миёнаи Суғдро таҳлил намуда, таъкид менамояд, ки ҷамоат (наф) аз ашроф (озоткорон), савдогарон (ҳаводорон) ва деҳқонони [25] озоди ҷамоату ҳунармандон (корикорон) иборат буд ва шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ болоро «озод» меномиданд [26].
Ҳуҷҷатҳои аз қалъаи Муғ пайдо шуда низ шаҳодат медиҳанд, ки дар Суғди асри VII ва ибтидои асри VIII ҷомеа аз се табақа – ашроф, тоҷир ва «коркунон» иборат будааст. Деҳқонон, ки ба ҷумлаи синфи ҳукмрон дохил мешуданд ва доираи ҳукми онҳо хеле васеъ буд ва дар ихтиёри худ дастаҳои сершумори ҳарбӣ доштанд ва аъзои ин дастаҳоро чақирҳо (ё шақирҳо) меномиданд [27]. В. Бартолд низ таъкид менамояд, ки чақирҳо қувваи ниҳоят бузурги ҳарбӣ буданд ва лашкари ихшиди Самарқанд пурра аз чақирҳо мураттаб гардида буд [28].

пешина
аз 142
навбатӣ