Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ҳамаи таълифоти худ Б. Ғафуров аз манбаъҳои асримиёнагӣ, махсусан «Таърихи Бухоро»-и А. Наршахӣ ва хотираҳои сайёҳи чинӣ Сюан-Сзан дар баробари тадқиқотҳои навин истифода намудааст. Дар ин маъхазҳо деҳқонон баъзан бо унвони «деҳқонони акбар» ва ё танҳо «деҳқон» номбар шудаанд [15].
Оид ба пайдоиши мафҳуми мазкур муҳаққиқони дигар, ба монанди В.В.Бартолд [16], М.М.Дяконов [17], И.П.
Петрушевский [18], А.Е. Бертелс [19], низ мулоҳизаҳо баён кардаанд. В. Бартолд мафҳуми «кох» ва «кўшк»-ро таҳлил намуда, қайд менамояд, ки соҳиби кох ё кўшк дар як вақт соҳиби рустои калон низ буд. Тибқи асотирҳои форсӣ шоҳ Манучеҳр бунёди «деҳқон»-ро гузошта, дар ҳар як деҳ деҳқонеро сардор таъйин намуда, аҳолии онро хизматгору ғуломони ў сохтааст [20].
В. Бартолд дар лексияҳои машҳури ба таърихи вилоятҳои атрофи Каспӣ бахшидааш, таъкид месозад, ки неҳзати Маздак боиси он гардид, ки нуфузи аҳолии ашрофи шаҳр баланд гардад ва сохтори ҷомеаи Сосониён ба куллӣ тағйир ёбад. Аз ҷумла, мафҳуми деҳқон, ки пеш заминдори озодро ифода мекард, акнун маънои феодалро медод ва деҳқон ҳокими пурраи кишоварзон гардид [21]. М.М.
Дяконов ҳангоми тадқиқи сохти дохилии Эрони Сосонӣ [22] дар асоси сарчашмаҳои гуногун хулоса менамояд, ки таҳлили вазъ ва таркиби иҷтимоии кишоварзон вазифаи ниҳоят мушкил ва мураккаб мебошад, зеро оид ба он маълумот дар сарчашмаҳои сосонӣ ниҳоят ночиз мебошанд.
Ба ақидаи ў дар асри V ҷамоаҳои калони оилавӣ пароканда гардида, ба ҷамоаҳои нисбатан хурди ҳамсоягӣ табдил меёбанд.

пешина
аз 142
навбатӣ