МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҳарчанд вилоятҳои Осиёи Миёна ба Ҳоқонии турк тобеъ шуда, хироҷ диҳанд ҳам, вале шумораи туркҳо дар байни аҳолии бумӣ ниҳоят кам ба назар мерасад. Чун пештара аҳолии маҳаллиро ҳамоно халқҳои эронинажод ташкил медодаанд [8].
Ба ақидаи Б. Ғафуров «давлати хоқонии турк, назар ба эфталитҳо, барои тараққии иқтидори молии аристократияи маҳаллӣ шароитҳои мувофиқтаре ба вуҷуд овард»
[9]. Аз ин имкон ҳокимони вилоятҳо, соҳибони мулкҳои алоҳида - деҳқонон низ истифода мекарданд. Б. Ғафуров истилоҳи «деҳқон»-ро шарҳ дода навиштааст, ки «Калимаи «деҳқон» дар он давра маънои имрўза – зироаткорро ифода намекард. Дар он вақт намояндагони аъён ва ашрофи мулкдорро бо ин ном ёд мекарданд. Деҳқонон либоси махсус доштанд. Яке аз аломатҳои эътиборнокии деҳқонон ин буд, ки камарбанди заррин баста, одатан ба он ханҷар меовехтанд» [10]. Б. Ғафуров дар нашри русии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» [11] низ ба шарҳи калимаи «деҳқон» диққат медиҳад. Аммо дар асари бунёдии «Тоҷикон» академик аз шарҳи калимаи «деҳқон» даст кашида, дар ҳошия қайд менамояд, ки «ин калима дучори таҳаввулоти тўлонӣ гардидааст» ва илова мекунад, ки «дар айни ҳол фақат ба маънои зироаткори одӣ омадааст»
[12].
Дар бораи таърихи пайдоиши ин истилоҳ ҳамчун ифодакунандаи табақаи феодалии заминдор Б. Ғафуров маълумоте пешниҳод намекунад. Танҳо дар «Тоҷикон» ибрози ақида менамояд, ки деҳқонон ба ҷумлаи синфи ҳукмрон
- озодҳо дохил мешаванд [13]. Аз идомаи фикри муҳаққиқ бармеояд, ки дар ибтидои асрҳои миёна ва қисман дар давраҳои мутараққии асрҳои миёна, деҳқон заминдори калон буда, ҳамзамон чун ҳоким дар яке вилоятҳои калон монанди Бухоро ё Чоч, ё ягон маъмурият ноҳияю маҳалли хурдро вазифадорӣ мекард [14].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё