МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Нақши муҳим ва марказиро дар омўзиши ҳамаҷониба
ва комилан илмии таърихи истилои муғул мактаби
таърихнигории рус ва шўравӣ ишғол менамояд. Дар ин
самт ба вижа аз хидмати шарқшиносони шинохта В.В.
Бартолд, А.Ю. Якубовский, Б.Я. Владимиртсев, И.П.
Петрушевский, А.М. Беленитский, Е.А. Давидович,
Хатибӣ, А. А. Ализода, олимони тоҷик С. Айнӣ ва Б.
Ғафуров, Н. Амиршоҳӣ, А. Саидов, Н. Турсунов, М.
Давлатов, У. Эшонқулов, олимони эронӣ А.И. Оштиёнӣ,
Ш. Баёнӣ, А. Набавӣ, О. Яъқуб ва як зумра муҳаққиқони
дигари хориҷӣ ёдовар бояд шуд.
Дар таърихнигории шўравӣ муҳаққиқоне низ буданд,
ки ба истилои муғул ва умуман сиёсати ғасбкоронаи
қабилаҳои саҳроӣ дар асрҳои миёна назари комилан дигар
доштанд ва пеш аз ҳама онҳо нақши «пешқадамона»-и ин
забткориҳо ва муносибати «дўстона»-и қабоили кўчиро бо
аҳолии муқимӣ таъкид менамуданд. Пеш аз ҳама чунин
нуқтаи назар дар таълифоти А.Н. Бернштам ва В. А.
Гордлевский ба таври возеҳ мушоҳида мешавад. Дар Ғарб
бошад, чунин консепсияро Леон Каэн ва пантуркистҳои
пайрави ў ҷонибдорӣ менамоянд. И.П. Петрушевский таъкид менамояд, ки дар таълифоти пантуркистҳо таърихи
қабоили кўчии турку муғул то ҳадди ифрот муболиға
гаридидааст, ки он ягон пояи илмӣ надорад.
Истилои муғул ва оқибати фоҷиабори онро барои сарзаминҳои ғасбшуда муҳаққиқони шинохтаи асри XIX д,
Оссон, Катрмер, Хаммер - Пургшталл, олимони шўравӣ
А.Ю. Якубовский, С.П. Толстов, Б.Н. Заходер, И.П.
Петрушевский, А.М. Беленитский, А.А. Ализода, академик Б.Д.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё