Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин ки ба ҳавлӣ наздик расидем, диламонро як хавфи
номаълум оҳиста-оҳиста туман барин зер кардан гирифт. Аз
ваҷҳи Алопар як тарафи диламон торик буд.
— Алопара ба чӯпон доданата агар дадаам фаҳманд,
тура мекушанд! — Оқибат Салим худдорӣ карда натавонисту
буғзи дилашро кушод.
— Барои чӣ? Мо барои рамаи колхоз додем! Чӯпон гуфтку агар дар рама калон шавад, саги ҳақиқӣ мешавад...
Мумкин Алопари мо ягон вақт рамаро аз ҳамлаи гургон
халос кунаду сонӣ... сонӣ ном барорад. “Ин саг аз куҷо?” —
гуфта пурсанд, номи моро мегӯянд. Сонӣ Раис-бобо мумкин
ба мо таърифнома диҳанд. Ба мактаб омада, дар пеши саф...
Ин кори ҳазл не. Лекин ҳозир ин сира бояд ба касе нагӯем.
— Ту ба чӯпон гуфтӣ, ки сагча аз ҳардуямон?
— Ҳа... Худат дидӣ, ба ҳар дуямон пул дод-ку!
— Хайр, агар ин хел бошад, барои чӣ пула ба кисаи ту
андохт?
— Ҳамту, андохт-дия. Сонӣ, ҳар ду тақсим мекунанд
гуфта...
Аз он ки Алопар рамаи колхозро посбонӣ мекунад,
Салим ҳам ба ваҷд омад. Вай чунон ба ин гап часпида гирифт,
ки тайёр буд ҳозир рафта аз дадаам барои ин корамон
шодиёна гирад.
— Лекин ҳушёр шав, мабодо аз даҳонат барояд... Дадаам ин гапҳоро нағз намебинанд. Ҳозир дар ин хусус гап
намезанем. Агар пурсанд, мегӯем, ки аз паси мо ба кӯҳ рафт,
сонӣ чӯпон дошта гирифту ина барои рама диҳед, гуфт, додем, мегӯем. Пул гирифтем нагӯй, ҷанг мекунанд. Агар надиҳед, шуморо аз пионерӣ мебароранд гуфт, мегӯем.
Салим розӣ шуд.

пешина
аз 192
навбатӣ