Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гардондаму хостам гӯшамро ба карӣ занам, аммо муяссар
намегашт. Зории Алопар аз дуродур ҳам ба гӯшам мерасид.
Фарёди имдодхоҳонаи он аз миён солҳо гузашта бошад
ҳам, то ҳол дар гӯши ман садо медиҳад ва диламро мефишорад.
Ман он рӯз аз ин муомила хурсанд будам. Ҳазл не, ҳаштод сӯм-а! Албатта, пули он солҳо беқурб буд, аммо дадаам
рӯзҳои ид ҳам идипулӣ гӯён ба мо ин хел пули калон
надодаанд.
Ба роҳ афтодему дарҳол бо Салим пулро тақсим кардем.
Ба вай — сисӯмии сурх, ба ман — панҷоҳсӯми сабз, рангаш
қурбоққаи нақшин барин. Мо ба ин пулҳо чиҳо
хариданамонро ҳам маслиҳат кардем.
— Аттор ояд, ман чангаки моҳидорӣ мехарам. Боз аз
шофёрҳо якта гупсари резинӣ мехарам. Сонӣ, дам мекунаму
ба оби сой партофта, ба болояш савор то худи ҳавзи
Ҷонварсӯз меравам, — гуфтам ман.
— Не, ман ба ин пул қалами ранга мехарам. Сонӣ, чунон
суратҳое кашам, ки даҳоната кушода монӣ! — нияташро
изҳор кард Салим.
Вай сисӯмии сурх дар даст, гоҳ онро аз чашмаш дур,
гоҳе наздик оварда менигарист, баъд ба монанди байрақ ба
сараш баланд мебардошт.
— Ман савори гупсари резинӣ ба осиё ҳам меравам, ба
ҳезум ҳам.
— Ҳой каллагаранг, чӣ хел аз поён ба боло меравӣ? Оби
сой ба поён мебараду сонӣ аз обпар чунон гирифта мезанад,
ки хари бобом барин парча-парча мешавӣ!..
Ба пули Алопар чиҳо хариданамонро раҳораҳ расо муҳокима кардем, аммо ин гуфтугузор ҳеҷ ба диламон намезад.

пешина
аз 192
навбатӣ