Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Се тан дар роҳи ағба. Ғори саркашон.
Миёнаҳои моҳи феврали соли 1962.
Чиллаи зимистон гузашту ҳаво андаке нарм гашт.
Офтоб чеҳра намуда, барфҳои се моҳи расо паёпай боридагӣ дар баъзе ҷойҳо об гирифта, аллакай тарафи офтобрӯяи шаху зовҳо луч гашта буд. Дар поён, дар доманаи кӯҳ муғҷаҳои бодом монанди чашми дарднок сурх гашта, ба шукуфтан моил буданд.
Бо вуҷуди нармии ҳаво роҳи ағба ҳоло ба Рашид барфистони Қутбро ба ёд меовард, ки муаллими мактаби ҳаштсолаи деҳаашон Ҳамидӣ расо бо шавқ ба онҳо ҳикоя мекард.
Барф... Барф... Барф... Ба куҷое нигаред, барф! Таҳи по – барфи аз зарби пой сахт гаштагӣ, ду паҳлу – теғаю ҷариҳои пурбарф, дар пеш – қуллаҳои барфпӯш... Осмон ҳам бо пағапаға абрҳои тибитмонанд саҳрои барфи кӯҳнаро ба ёд меорад.
Онҳо се тан турнақатор аз пайраҳаи кӯҳсор мерафтанд.
Пеш-пеш Самеъ, ҷавони хушқаддубасти гӯштигир, ғӯзачашми ҷангарае, ки аз алоии чашмаш аксар бачаҳо меҳаросиданд.
Дар деҳа аз ваҷҳи вай сухан ояд, мардон мегуфтанд: «Э, вай, писари Дилмурод, худо умраша дароз кунад, зоғчаи мурдагира хобаш бурдагӣ гуфта мефурӯшад». Аз қафои вай Ҳусейни сиёҳҷурдаи миёнақад, фарбеҳи тозарӯ, ки ду лақаб дошт: ӯро барои серпулӣ ва сарфакориаш “Капиталист” гӯянд ҳам, аксар бачаҳо ба вай лақаби «О, гир!» дода буданд. Ин лақабро вай ҳангоми дарси санҷиш гирифт: масъалаи математикаро Ҳусейн кор карду ба тариқи ёрӣ ба сӯи писарамаки бадхонаш дароз карда, бо овози паст «О, гир, о, гир!» мегуфт, ки ба даст афтод. Аз ҳама қафо писари муаллими деҳа Рашиди Камхун ё Ғирғирак меомад. Ӯро барои рангпарида буданаш «Камхун»
гӯянд ҳам, барои сертараддуд буданаш «Ғирғирак» лақаб дода буданд. Дарвоқеъ ҳам вай бачаи беқарор ва сертараддуд буд.
Аз қафои онҳо, аммо дуртар, дар масофаи ду санги фалахмон, харашонро пеш андохта Усто-Наҷот ва Ҳақназари ҷувозкаш меомаданд.
Самеъ аз ҳама сабукбортар буд. Дар як халтачаи хурд либосҳои чиркинаш ва як даст либоси навашро андохта, ба пушташ баста буд. Вай раҳравон барфро дар кафи дастонаш лӯнда карда, ҳар замон ба сари яке аз шариконаш мезаду дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё