Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

роҳ барфҷанг ба вуқӯъ мепайваст ва дастони ҳар се ҳам аз сармо лаблабу барин сурх мегашт.
Самеъ нисбат ба ҳамроҳонаш зӯрдастиашро намоиш медод ва аз қуввати худ фахр дошт. Ҳар замон мушакҳои дасташро дошта, таранг мекарду зӯрашро ба куҷо кор фармуданашро гӯё намедонист ва бо ғурур «Эҳ–ҳ!» гӯён худ ба худ мехурӯшид. Сонӣ китфу гарданашро даст-даст карда мамнун табассум мекард. Вай беқарорӣ мекашид то ки зудтар ба деҳа расида, сару либоси нави худро пӯшаду як бор аз кӯчаи қишлоқ гузарад. Имсол омӯзишгоҳи касбиро тамом мекунад, бояд ки ба хурду калон худашро писанда кунад. Махсусан, ба духтарон... Ба ғайр аз ин, раис ва дигар калоншавандагони колхоз ҳам бояд ӯро шинохта монанд.
Ҳусейн дар синфи даҳуми мактаб-интернати район мехонд. Азбаски падараш зуд-зуд хабаргирӣ меомад ва худаш ҳам моҳе як-ду бор ба деҳа омада мерафт, вай ба монанди ҳамроҳонаш деҳаро пазмон набуд. Ба ғайр аз ин, вай монанди шариконаш барои таътилгузаронӣ не, ҳамту як-дурӯза ба деҳа меомад. Албатта, вай наояд ҳам мешуд, аммо вақте ки инҳо равон шуданд, ҷудо гашта мондан нахост.
Роҳи пиёдагард печутоб хӯрда торафт аз ҷойҳои пурбарф мегузашт. Дар пеш ағба. Аз ағба гузаранд, он тарафаш деҳа намоён аст.
– Агар бо роҳи калон пиёда равем, кай ба қишлоқ мерасидем? – пурсид Ҳусейн бо рӯмолча арақи болои бинӣ ва пешониашро пок карда. Болои бинии вай зимистону баҳор, хоҳӣ гармо бошад, хоҳӣ сармо, доим арақ мекард.
– Эҳ-ҳе-е!.. Раҳи калон катӣ... Саҳар бароӣ, хуфтан мерасидӣ. Ҳазл не, чил километр! – гуфт Самеъ дар ҷавоби ӯ, агарчи чил километр будани роҳ ба ҳамаашон маълум бошад ҳам,

пешина
аз 192
навбатӣ