Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳимоятҷӯёна ба назди Салим рафту кинахоҳона ба тарафи
чӯпон ак-ак задан гирифт.
— Сагбачаро ба мо те, пеши сагои мо калон шавад, —
гуфт чӯпон ба ман хитобан бо як оҳанги омирона.
— Худамон ҳам калон мекунем, — гуфтам ман бепарво
ва ба содадилии чӯпон дар дилам хандидам.
— Ҳайф мекунӣ. Саг — саги рама. Миёни мардум вайрон мешавад. Ма, — вай як панҷоҳсӯмии сабзро аз кисабағалаш бароварда ба ман дароз кард.
— Не-е, даркор не, — гуфтам ман хиҷолат кашида. Ба
ман чунин намуд, ки панҷоҳсӯмиро дида, чашмам сиёҳӣ зад.
Ташвишомез ба рӯйи Салим нигаристам. Вай гаранг барин ба
даҳони воз ба чӯпон менигарист.
— Гир. Ту боз дигараша меёбӣ. Дар қишлоқ чӣ пур, сагбача пур. Ина ба рамаи колхоз те. Ту пионер-ку!.. Шарм намедорӣ?
— Не, ман ба шумо дигараша оварда медиҳам, — бе
қатъият сухан гуфтанамро худам ҳам ҳис кардам. Ба панҷоҳсӯма дилам кашол буд, ҳатто метарсидам, ки чӯпон мабодо аз
нияташ гашта, онро ба кисааш андозад.
— Ана, ма, гир... Инаш барои додарат, — чӯпон ин
дафъа аз ҷайбаш як сисӯмии сурхи шараққосиро бароварда
ҳамроҳи он панҷоҳсӯмӣ ба кисаи ман андохт. Дигар эътироз
баён накардам. — Бихез, ту дор, ман баста мегирам. Пионер
бояд ки ғамхори моли давлат бошад...
Ман Алопарро доштам. Чӯпон чолокона бо чилбур онро
басту ба фукаш ҳалқа гузаронд. Сипас, ба тапар-тапару
ғишинг-ғишинги сагбача эътиборе надода бардошта бурд.
Сагча чунон вовайло бардошт, чунон чингос зада аз мо
мадад мехост, ки ман тоб оварда натавониста, рӯямро

пешина
аз 192
навбатӣ