Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Аз ваҷҳи пул табъам ночоғ буд. Пушаймон будам, ки чаро пули чӯпонро гирифтам. Хоҳ-нохоҳ, агар рӯзе дадаам фаҳманд, ҷанг мекунанд.
Дар ҳавлӣ аз наомадани Алопар аз ҳама пеш бибии пир хабардор гаштанд. Сонӣ очаам пурсиданд. Мо воқеаро, чунон ки маслиҳат карда будем, гуфтем. Очаам бо қаҳр даст афшонданду рафтанд. Ман ба рӯйи бибиам нигариста, дараҷаи гуноҳамро фаҳмидан хостам, аммо фикри он касро ҳаргиз дониста намешавад: ягон оҷинги рӯяшон намеҷунбад.
Ман андаке хотирҷамъ гаштам. Баъзан калонсолонро фаҳмида намешавад: барои арзан барин гуноҳатон замину осмонро ба ҳам мезананду аз гуноҳи калон чашм мепӯшанд.
Шояд, аҷаб не, дадаам аз ин кори мо хурсанд бошанд?.. Ё мумкин қаҳрашон омадагисту лекин ба хотири Раис-бобо моро ҷанг накардагистанд? Раис-бобо агар фаҳманд, ки барои сагча моро ҷанг кардаанд, мегӯянд-дия: “Барои моли колхоз як кучукчаатро дареғ доштӣ?! Одамон дар ҷанг ҷон доданд, хун рехтанд...” Аз байн як моҳ гузашт. Дили ман тамом таскин ёфт.
Аммо ногоҳ Салим корро расво кард.
Ҳамон рӯз ман таъинот гирифтам ба осиёб як ҷувол ҷуворӣ бурда, орд карда биёрам. Ба Салим фармуданд, ки барои молҳо аз лаби сойҳо алаф даравида орад. Дадаам саҳарӣ супориш доданду ба кор рафтанд. Бобояму очаам ҷуволи ҷувориро ба хар бор карда доданд. Ман ба болои бор савора ба роҳ афтодам. Салим бошад “ман ҳам ба осиёб меравам” гуфта хархаша кард. Очаам розӣ нашуданд. Салим ғишингос зада аз паси хар равон гашт. Сонӣ аз думи ҳайвон сахт дошта кашида истоду нагузошт, ки хар раҳ гардад. “Сар те” гӯям, сар надод. Дар дастам химчаи тар буд, дарозу борик, саҳл ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё