Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Бале, Меҳрмоҳ рост мегӯяд, духтар аз ҳама бештар садоқату ҷасорату одамият нишон дод.
Шаҳзода мегӯяд:
— Дӯсти азиз, ман ҳоло чизе нақл мекунам, ки Меҳрмоҳ низ ба ҷавобаш нотавон монад.
Хоби Меҳрмоҳ парида буд:
— Канӣ, шунавем – гуфт.
— Дар замонҳои қадим подшоҳе як духтари дорои ақли расо дошту ҳусни беназир, ки дар ҷаҳон машҳур буд. Се шаҳзода талабгори духтар шуданд. Духтар ба онҳо гуфт, ман бо касе издивоҷ мекунам, ки як чизи муъҷизанок ба ман ҳадя кунад. Се шаҳзода ба ҷустуҷӯ рафтанд. Яке аспи парвозкунанда пайдо кард, ки дар як дам оламро давр мезад. Дуюмӣ оинаи ҷаҳоннамо дастрас кард, ки тамоми дунёро метавон дид. Сеюмӣ як себ пайдо кард, ки агар сахттарин бемор хӯрад, зуд сиҳат мешавад.
Лӯхтак мегӯяд:
— Аҷоиб-ку. Баъд чӣ шуд?
Шаҳзода мегӯяд:
— Ҳар се, дунёро гашта ин се чизро пайдо карда, дар сероҳе вохӯрданду ба ҳамдигар чизи худро таъриф карданд. Соҳиби ҷаҳоннамо мегӯяд, ки марҳамат, ин муъҷизаро бинед, ки шоҳдухтар бо чӣ кор машғул аст. Мебинанд, ки шоҳдухтар дар ҳолати маргу табибон дар болои сараш.
Ҳамин дам соҳиби асп мегӯяд, ки биёед, вақт кам аст, ба аспи паррони ман савор шавед, зуд равему чораи наҷоти ӯро бинем. Ҳар се савори асп дар як дам ба қасри шоҳ расиданд. Соҳиби себ зуд ба назди бемор омада себро ба духтар медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё