Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Шаҳзода мегӯяд:
– Гӯш кун. Духтар фаҳмидаст, ки обрӯи ҳама меравад, ночор ба назди Анис баргашта, воқеаро гуфтааст. Вай, ки баақл буд, фаҳмидаст. Анис ва духтар шод зиндагонӣ карда гаштанд.
Лӯхтак мегӯяд:
– Инаш аҷиб-ку.
Шаҳзода мегӯяд:
– Бале, дӯсти меҳрубони ман. Ҳоло ба савол ҷавоби дуруст бидеҳ, ки дар назди Меҳрмоҳи доно необрӯ нашавем. Савол ин аст, ки дар ин ҷо одамияти кадоме бештар буд: роҳзан, чӯпонписар, Анис, ё духтар?
Лӯхтак мегӯяд:
– Албатта, чӯпонписар! Вай аз ишқаш даст кашида, падару модар ва духтарро аз марг халос кард.
Шаҳзода мегӯяд:
– Не, ба назари ман одамияти роҳзан бештар буд.
Лӯхтак мегӯяд:
– Не-не ёфтам. Одамияти Анис баланд буд.
Меҳрмоҳ бо тамасхур мегӯяд:
– Ҳар дуи шумо нодуруст мегӯед.
Шаҳзода мегӯяд:
– Пас шумо дуруст гӯед.
Меҳрмоҳ мегӯяд:
– Дар ин ҷо ҷасорат, вафодорӣ, ҷавонмардӣ ва одамияти духтар баланд буд.
Шаҳзода мегӯяд:
– Меҳрмоҳ дуруст мегӯяд.
Лӯхтак мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё