Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Духтар себро хӯрда тамоман сиҳат мешавад. Хӯш, дӯсти донои ман, шоҳдухтар барои ҳамсарӣ киро интихоб кард?

Лӯхтак гуфт:

– Албатта, соҳиби аспро, чунки дар вақташ расида омадан муҳим буд.

Шаҳзода ба лӯхтак гуфт:

– Ба назарам ҷаҳоннамо намешуд, намедонистанд, ки шоҳдухтар бемор аст.

Меҳрмоҳ бо табассум:

– Не, ин тавр нест. Шоҳдухтар ҳар серо ба наздаш даъват мекунад. Ба соҳиби ҷаҳоннамо ташаккур мегӯяду ҷаҳоннаморо бармегардонад. Ба соҳиби аспи паррон аспро бармегардонаду ба вай ҳам ташаккур менамояд. Аммо шоҳдухтар себро баргардонда наметавонад. Чунки себро хӯрд. Шоҳдухтар соҳиби себро ба ҳамсарӣ интихоб мекунад.

Шаҳзода ва лӯхтак баробар ба Меҳрмоҳ офарин гуфтанд.

Шаҳзода ба лӯхтак гуфт:

– Дӯсти зираки ман. Охирин ҳикоятро бароят мегӯям, агар ба ин ҷавоби дуруст наёбӣ, дӯстӣ тамом!

Лӯхтак ғамгин ва бо ноз:

– Ман кӯшиш дорам-ку. Хайр, бигӯ.

– Як подшоҳи золим будаст. Агар касеро куштан хоҳад, ду пора коғазро гирифта, ба яке «ҳаёт», ба дигаре «марг» менавиштаст ва онро печонида, дар назди шоҳидон, ба гунаҳкор дароз мекардаст. Гунаҳкор агар «ҳаёт»-ро гирад, зинда мемондаст, агар «марг»-ро гирад, кушта

пешина
аз 264
навбатӣ