Мунтахаби девон

ШАРОБ ХОҲАД
Эй бар сари сарварон ягона,
Баҳри карами ту бекарона,
Симурғи ҷалолати ту дорад
Бар қуббаи арш ошёна.
Мегир ҷаҳон ба нӯки ханҷар,
Мебахш ба пушти тозиёна.
Гар қиссаи бандаро кунӣ гӯш,
Он гӯши туро бувад забона:
Дар хона нишаста буд доъӣ,
Махмур зи бодаи шабона,
Дар кунҷ хазида чун кашише,
Оташкада карда тобхона,
Аз баҳри шароби лаъл дар пеш
Себу биҳу нуқли хусравона,
Аз баҳри кабоб карда бар сих
Кабку бату теҳуву самона,
Соқиву шаробу шоҳиди хуб,
Шамъе ду ниҳода дар миёна.
З-ин ҷумла, ки гуфтаам, надорам
Ҷуз сиблату риши аблаҳона!
Аз мир шаробу шоҳиду шамъ
Дарюза кунам бад-ин баҳона,
Асбоби муошират муҳайё
Аз лавҳи камончаву чағона,
Танбӯру китобу нарду шатранҷ,
Чангу дафу нойу шоху шона,
Бинҳода ба пеш Анвариро
Гунҷишку кабӯтари кулона!
Бат – мурғобӣ.
Теҳу – бедона.
Самона – равған.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё