Мунтахаби девон

АЗ САДРУДДИН БАРОИ УСТУР ҶАВ ХОҲАД
Эй зи қадри ту осмон дар гав,
Осмон аз ту дар хиҷолату зав,
Қадру ройи ту моварои сипеҳр
Офтобеву осмоне нав.
Дилу дасти ту гоҳи файзу сахо
Бурда аз абру офтоб гарав.
Бандаро соҳиб устуре додаст,
Устури моҳнаълу гардундав,
Хилқати осиё, ки ӯ дорад,
Сифати осиёи ӯ бишнав:
Санги зерини ӯ ҳамеша равон,
Гӯ, дар ӯ обу бод ҳеҷ марав!
Нови ӯ аз даруну ӯ маъкус,
Далви ӯ аз буруну ӯ дар гав.
Осиёбе чунину боде на,
Пас шабонрӯзи осиёббон ғав!
Анварӣ, ин ҳама мазеҳ зи чист?
Чанд аз ин турраҳот, шав, ҳошав!
Худ ба як бор гӯ, ки бекор аст
Оси дандон-ш з-ос кардани ҷав,
То туро ҷуди садри давлату дин
Бираҳонад зи интизори дарав,
Ӯ тавонад, ки кишти ҳиммати ӯ
Ҳеҷ беиртифоъ нест, бирав!
Гав – пастӣ.
Зав – рӯшании офтоб.
Маъкус – баракс, чаппа.
Далв – сатил.
Гав – дар ин ҷо ба маънои чоҳ.
Ғав – ғавғо, фарёд; маҷозан нолаву зорӣ.
Мазеҳ – мазоҳ.
Шав, ҳошав – бигзар, ҳошо (ҳошо нидост ба маъноҳои Худо нигаҳ дорад, дур бод, пок бод, ҳаргиз).
Беиртифоъ – бевусъат, бекарон, бепоён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё