Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР МАРСИЯ МЕГӮЯД

Эй ҷаҳонат ба маҳри ҷон ҷӯён,
Осмон ҳам дар ин ҳавас пӯён.

Мӯягар гашт Зуҳраи мутриб
Бар ҷаҳону ҷаҳониён мӯён.

Умри хушхӯй рӯ туруш карда
Бе ту бар зиндагон чу бадхӯён.

Карда эҳроми мотамат бар рӯй
Чархройону муштарирӯён.

Ман зи ҳаҷҷи зиёратат оҷиз
В-он гаҳ он Каъбаро ба ҷон ҷӯён.

Рӯзам аз дуди оташи тақдир
Тира чун турраи сияҳмӯён,

З-он ки пайваста мардуми чашмам
Ҳаст рӯй аз ғамат ба хун шӯён.

Хонам аз неъмати ту буду ниҳод
Дар камӣ рӯйу дорадаш рӯй он.

Эй, ки мастури иддати кафи туст
Қатра дар абр ҳамчу бешӯён.

Нуру зулмат зи пӯяи қадамат
Хоки кӯят чу ошиқон бӯён.

Туву суккони сидра дар нисбат
Ҳама ҳамшаҳриёну ҳамкӯён.

Нафси ту тозиёну дар манзил
Тозагулҳои ирҷиъӣ рӯён.

Арш рух дар ҷанобат оварда
Қаддаса-л-Лоҳу рӯҳаҳу гӯён.

Иддат – муддати муайяне, яъне чор моҳу даҳ рӯз, ки баъди талоқ зан шавҳар карда наметавонад.
Ирҷиъӣ – баргард розӣ сӯи Худои худ (аз Қуръон).
Қаддаса-л-Лоҳу рӯҳаҳу – Худо рӯҳашро пок созад.

пешина
аз 328
навбатӣ